Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Иқтисод ва идора

Шомадова Нилуфар Саидамировна

Мудири кафедра

Шомадова Нилуфар Саидамировна

номзади илми иқтисод, дотсент


Кабинет: 105

E-mail: n.shomadova@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Идораи зидди буҳронӣ, низоми идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, идораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Рушди қонуниятҳои заминдорӣ дар шароити инҳисории давлат ба замин

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Структура и закономерности развития земельных отношений в условиях государственной монопольной собственности на землю

Нашрияҳои асосӣ: Вопросы управления и оценки земельных ресурсов (сельскохозяйственного назначения), как реальный актив. Аграрная реформа как современное направление рыночных от ношений. Некоторые проблемы рыночного землепользования в Республики Таджикистан. Земли сельскохозяйственного назначения в системе факторов производства. Особенности формирования земельных отношений и новые формы землепользования в Республики Таджикистан.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОД ВА ИДОРА»

Кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишкада ииқтисодии Тоҷикистон №9 аз 29.05.2009 с. вафармони ректор аз 18.09.2009 с. таҳти №521 таъсис дода шудааст.

Дар асоси мутаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, Донишкада бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташкил гардид. Мувофиқи фармони ректори Донишкаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (Мирбобоев Р.М.) таҳти фармони №53/и аз 25 июли соли 2012 номи кафедра иваз карда шуда, дар базаи собиқ кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, кафедраи иқтисод ва идора ташкил шуд, ва то инҷониб ҳамчун кафедраи тахассусӣ фаъолияташро пеш мебарад.

Роҳбарони кафедра:

- аз соли 2009 то соли 2010 роҳбарии кафедраро д.и.и., професор Ҷонмамадов Ш.Б. ба зима дошт;

- аз соли 2010 то соли 2011 роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Мирақилова Н.Т. ба уҳда дошт;

- аз соли 2011 то моҳи январи соли 2013 роҳбарии кафедраро д.и.и., професор Воҳидов В.В. ба уҳда дошт;

- аз 18.01.2013с. то инҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсентХоҷахонов А.А. ба уҳда дорад.

- аз 10.11.2017 н.и.и., дотсент Шомадова Н.С.

Кафедраи иқтисод ва идора, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори ДМИТ буда, ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро ба роҳ монда, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад.

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ: 1- нафар д.и.и., профессор, Воҳидов Ваҳоб Воҳидович; 2 - нафар н.и.и., дотсент Шомадова Нилуфар Саидамировна, Хоҷахонов Аброрхон Аҳмадхонович, 2 – нафар муаллимони калон Ҳисомидинов Камолидин Низомидинович, Нурублоева Мадина Мавлоновна ва 5-нафар ассестент Қаландаров Раҳматулло Шарифҷонович, Қодиров Сафарали Олимхонович, Давлатов Бахтиёр Саидмуъминович, Никқадамова Нигора Саодатқадамовна, Расулзода Ҳидоятулло Маҳабатович ва 1- нафар корманди техникӣ Сафарова Сайёра Ҳайдаровна кор ва фаъолият намуда саҳми худро дар рушди кафедра мегузоранд. Ҳоло кафедра мутахассисони соҳаҳои зеринро тайёр менамояд:

  • 1-26010101 – идораи давлатӣ ва маҳаллӣ (мутахассисонро дар самти фаъолияти ҳукуматҳои давлатию маҳаллӣ ва минтақавӣ, инчунин хизматчии давлатиро дар сатҳи дав лат ва марал тайёр мекунад).
  • 1-25010728 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна (мутахассисони соҳибкасбро дар самти идораи иқтисодиёт, идораи иқтисодиёти корхонаҳои хурду миёна, фирма, корпоратсия,ташкилотҳои гуногун ва умуман дар ҳама бахшҳои иқтисодиёти корхонаҳои хурду миёна тайёр мекунад.
  • 1-26020212 - идораи ҳайати кадрӣ (мутахассисони баландихтисоси идоракунии кадрҳо, иқтисодчиён, ходимони давлатӣ ва идораи маҳаллию хусусӣ омода месозад).