Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ

Давлатшоева Заррина Мехтарбодовна

Мудири кафедра

Давлатшоева Заррина Меҳтарбодовна

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: 207

E-mail: z.davlatshoeva@feit.tj

Маълумот: Филиали институти савдои Советии Кооперативии Новосибирск

Фанҳои таълимӣ: Иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, Бизнеси байналхалқӣ, Минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ, Муқаддимаи тахассусӣ,

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Иқтисодиёти кишоварзӣ, иқтисоди ҷаҳон

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Самаранокии ташаккул ва фаъолияти хоҷагии қишлоқи ноҳияҳои баландкуҳ дар шароити гуногуншаклии ҳудудӣ

Нашрияҳои асосӣ: Имкониятҳои неруии бахши аграрии иқтисодиёти Помир, Деҳқон. №11, 2003, Тоҷикистон ва давлатҳои иттиҳод; манфиатҳои муосири аграрӣ, Маводҳои конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, Бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе-2005, Ноҳиябандии табиӣ-хоҷагидории соҳаҳои хоҷагии қишлоқи минтақаи Кулоб, Маводҳои семинари илмӣ-амалии минтақавӣ « Хусусиятҳои рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳияҳои куҳӣ», Қисми 1, Душанбе-2007, Амнияти озуқаворӣ - асоси амнияти миллӣ, Маводҳои конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Душанбе-2009, Аҳмияти экологии истифодабарии омилҳои захиравӣ дар инкишофи бахши аграрӣ КАС, Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКТ, 2012, Муносибатҳои молиявӣ-қарзӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Конфронси илмию-амалии институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ ва Институти молияи Тоҷикистон, 2012.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА ТИҶОРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

Кафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ» дар заминаи моддӣ - техникӣ ва кадрии кафедраҳои «Бизнеси байналхалқӣ», «Пардохтҳои гумруки ва Назорати асъор» соли 2010 ҳамчун сохтори таркибии факултаи «Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ташкил шудааст. Зарурияти ташкил намудани кафедра бо талаботи тайёр кардани мутахассисони касбӣ аз рӯи тахассуси «Бизнеси байналхалқӣ» барои ширкатҳо ва ассотсиатсияҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва фондҳои инвеститсионӣ ва нафақавӣ ва дигар корхонаҳо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ алоқаманд мебошад. Собиқ кафедраи «Пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор» бо қарори Шӯрои олимони донишкада 16 августи соли 2004 таъсис дода шуда буд ва ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи тахассуси «Ташкилотчии умури гумрук» машғул буд. Таъсисдиҳанда нахустин мудири кафедра ва он номзади илмҳои иқтисод Мирзоев Иброҳим мебошад. Соли 2006 аз сабаби ба кори дигар гузаштани н.и.и. Мирзоев И ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисод Давлатов Х.М. интихоб карда шуд, ки то ҳол ин вазифаро ба ӯҳда дорад. Аз соли 2007 дар баробари тахассуси «Ташкилотчии умури гумрук» инчунин ба тахассуси «Бизнеси байналхалқӣ» донишҷӯ қабул карда мешавад. Дар солҳои гуногун дар кафедра устодони зерин фаъолият намуданд: Мирзоев И – н.и.и., дотсент (мудири кафедра солҳои 2004 - 2006), Қурбонов А – д.и.и., и.в. профессор (солҳои 2008 – 2009), Кошонова М – д.и.и., и.в. профессор (солҳои 2007 - 2010), д.и.и., профессор Ғафуров Хушвахт (дар солҳои 2007-2012), д.и.и., профессор Воҳидов Вахоб Вохидович (дар солҳои 2007-2012), Абдуллоев С – ассистент (солҳои 2005 - 2009), Шарипов Н. – ассистент (солҳои 2005 - 2009), Шамсиев Н. – муаалими калон (солҳои 2004 - 2008), Қаҳҳоров Максуд. - м. калон (дар солҳои 2007-2012), н.и.и. Содиқов Мехтархон Сокибоевич., (солҳои 2005-2012), Давлатов Ф. - ассистент (солҳои 2006 - 2008), Нидоев П.- ассистент (солҳои 2004 - 2008), Файзуллоева Сарвиноз- ассистент (дар солҳои 2007-2012). Ҳоло дар кафедра устодони штатӣ зерин фаъолият доранд: н. и. и., дотсент Давлатшоева Заррина Меҳтарбодовна. (мудури кафедра) д.и.и., профессор Ҷонмаҳмадов Шермаҳмад Бекмамаҳмадович муаалимони калон Нуриддинов Суннатулло Зубайдуллоевич., Одинаев Боймурод., (муовини декан), Набиева Давлатбахт Маҷидовна., Файзуллоева Сарвиноз Ҷумаевна ассистент Шодиев Қамариддин Содиқович ва як ҳуҷҷатнигори кафедра Султонзода Мунзифа. Аз аввали таъсисиёбии кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаи таълимӣ қарорҳо ва дастурҳои ректор роҳбарияти факулта қарорҳои олимони донишкада, ва дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илмии ҶТ ба роҳ мондааст.