Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ

Хаитов Саидали Поргиевич

Мудири кафедра

Ҳаитов Саидалӣ Поргиевич

Номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии II

Утоқ: 413

E-mail: s.haitov@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Ҳуқуқи андоз. Ҳуқуқи бонкӣ ва асъор. Назарияи давлат ва ҳуқуқ. Ҳуқуқи меҳнатӣ. Ҳуқуқи молиявӣ.

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Ҳуқуқи андоз ва инкишофи қонунгузории он

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Инкишоф ва рушди қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар нимаи дуюми асри Х1Х-аввалҳои асри ХХI)

Нашрияҳои асосӣ: 1. История возникновения налогового права таджиков до колониального периода. //Изв. АН Республики Таджикистан. Сер. философия и право – 2007 – № 4. – С.161-167. 2. Характерные черты налогообложения Советского периода // Изв. АН Республики Таджикистан. Сер. философия и право – 2010 – № 2. – С.125-131. 3. Налогообложение владельцев скота и пастбищ на примере Хатлонской области современного Таджикистана во второй половине XIX – начале ХХ вв. //Сб.докладов на международной научно-практической конференции по теме «Вопросы животновоческой отрасли в Республике Таджикистан на примере Хатлонской области: - история общения, 26-27 ноября 2010 г. – Душанбе: Эр-граф, 2010. – С.33-40. 4. Налог на недвижимое имущество: вопросы современности. // Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана. – Душанбе,- 2009, – Вып. № 11, ч.2 –С. 105-114. 5. Общие вопросы правового регулирования налогообложения. // Гос – во и право – Душанбе, 2008 - № 1. С.109-115. 6. Становление косвенных налогообложений в налоговой системе // Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана. – Душанбе,- 2007, – Вып. № 9, ч.2. С.19-22. 7. Налоговое право в истории таджиков // Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана. – Душанбе,- 2008, – Вып. № 10, ч.2. С.10-18. 8. Экономико-правовые принципы налоговой системы в Республике Таджикистан // Вестник ТИСБИ. Изд. Центр ТИСБИ, Казань, - 2010. - № 2. С.57-61. 9. Налог как признак государства// Теория права и государства/ Под общ. ред. Исмаилова Ш.М., Сатывалдиева Р.Ш. – Душанбе; 2008 – С.110-121. 10. Налогообложение банковской системы //Банковское и валютное право/ Под общ.ред.Исмаилова Ш.М. - Душанбе; 2008, – С.184-208. 11. Отличительные правовые особенности налогов от закота // Труды Академии МВД Республики Таджикистан. – Душанбе, 2010, №14 (2). - С. 87-92 (на тадж.языке).

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ҲУҚУҚИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВӢ»

Кафедраи «Ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ» қаблан кафедраи «Ҳуқуқи андоз ва соҳибкорӣ» унвон дошта, бо фармони ректори ДАҲ аз 5 июли соли 2001 таҳти рақами 8 таъсис ёфтааст. Сипас 20 сентябри соли 2007 ба унвони кафедраи "Ҳуқуқи соҳибкорӣ” ва баъдан 27 августи соли 2009 таҳти рақами № 441 дар асоси қарори Шӯрои Олимон ва фармони ректори Донишкадаи Иқтисодии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2010 таҳти рақами № 44 кафедраи «Ҳуқуқи иқтисодӣ» ва аз моҳи майи соли 2012 бо қарори Шӯрои Олимон ва фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраи «Ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ» унвон гирифт.

Ҳайати кафедраро 25 нафар ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 1-нафар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, 5-нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, 11-нафар нафар муаллимони калон, 8-нафар ассистент ва 1 нафар корманди техникӣ мебошанд.

Фаъолияти кафедраи мазкур барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиёт равона карда шудааст. То соли 2014 роҳбарии кафедраро Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмаилов Шавкат Маҳмудович ба уҳда дошта, айни ҳол мудири кафедра номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҳаитов Саидалӣ Поргиевич мебошанд.

Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои бонуфузи ДМИТ ба ҳисоб меравад, ки дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои зерин саҳм гирифта истодааст:

  • 126020104 - «Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна»; Мутахассисонро дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва мақомоти андоз, ҳамчун ҳуқуқшинос – назоратчӣ таъминкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва маслиҳатдиҳандаи ҳуқуқӣ тайёр мекунад.
  • 1– 240103 02 «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз», Мутахассисонро дар самти менеҷменти молиявӣ, муомилоти пулӣ ва қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшиноси биржаҳои фурӯши қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшинос-молиячӣ дар соҳаи бонк ва ташкилотҳои хурди молиявӣ-қарзӣ тайёр мекунад.
  • 1-96010101 «Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ»; Мутахассисонро доир ба соҳаи хадамоти гумрук, яъне ҳуқуқшинос дар соҳаи гумрукро тайёр мекунад;
  • 1-240103 «Ҳуқуқи иқтисодӣ»; ҳуқуқшинос–иқтисодчӣ дар соҳаи иқтисод, ҳуқушиноси соҳаи соҳибкорӣ ва хизмат, ҳуқуқшинос дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ тайёр мекунад;
  • 1-24010204 «Ҳуқуқи андозу бонкӣ»; ҳуқуқшинос дар соҳаи андоз, андозбандӣ ва соҳаи бонкро тайёр мекунад.