Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Фаъолияти гумрук

Мираков Кудратулло Мирмухаммадович

Мудири кафедра

Мираков Қудратулло Мирмуҳаммадович

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент


Кабинет: 407

E-mail: k.mirakov@feit.tj

Маълумот: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, Танзими гумрукию тарифии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, Низомҳои гумрукӣ, Декларатсиякунонии молу воситаҳои нақлиёт, Номгуи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, Гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, Коргузории гумрукӣ ва ғ.

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Такмили мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Таъмини бехатарии иқтисодии гумрукӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Механизми ташкилию иқтисодии такмили системаи идоракунии мақомоти гумрук дар шароити рушди раванди интегратсионӣ ва бехатарии иқтисодӣ.

Нашрияҳои асосӣ: : Танзими тарифӣ - гумрукӣ, ҳамчун усули иқтисодии танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, Паёми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, №2(47), Душанбе: «Сино» 2008, Мақомоти гумрук – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар асри XXI Нақши сиёсати гумрукӣ дар ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони дохилӣ, Паёми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, №2, 2009, Нақши мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, «Ирфон» 2010, зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ»

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Дар тўли фурсати начандон зиёд, Тоҷикистон тавонист ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ба дастовардҳо ноил гардад. Бо соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон ва барқарории арзишҳои давлатдорӣ, дар баробари дигар мақомоти давлатӣ, ҷумҳурии тозабунёд ба мақомоте ниёз пайдо кард, ки барои ҳимояи манфиатҳои давлат, амнияти иқтисодии кишвар ва ҳифзи неъматҳои истиқлолият, устувор бошад. Ин вазифаи таърихан муҳим ва пуршарафро метавонист танҳо мақомоти гумрук анҷом диҳад. Мақомоти гумрук вазифаҳои хеле муҳим - амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бо зуҳуроти нангини нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳуриро ба ўҳда дорад ва то ба имрўз тавонист, ки ин вазифаҳоро сарбаландона ба иҷро расонад. Саҳми асосиро дар амали намудани вазифаҳои муайянгардида метавонанд танҳо мутахассисони баландихтисоси соҳа бозанд. Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси мақомоти гумрук соли 1998 дар назди факултети «Ҳуқуқшиносӣ» - и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ кафедраи «Умури гумрук» таъсис дода шуд ва роҳбарии кафедраро полковники хадамот гумрук Насриддинов Ф. Б. ба ўҳда дошт, ки бевосита ташкилкунандаи кафедра буд. Соли 2004 дар заминаи кафедра факултети «Умури гумрук» таъсис дода шуд ва собиқ кафедраи «Умури гумрук» ба кафедраи «Ташкили назорати гумрукӣ» (мудири кафедра дотсент Насриддинов Ф. Б.) ва кафедраи «Пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор» (мудири кафедра Мирзоев И. Қ.) ҷудо карда шуд. Соли 2008 бо сабаби тағйироти сохторӣ дар Донишкада дар заминаи ҳарду кафедра кафедраи «Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» таъсис дода шуд. Соли 2010 кафедраи «Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» ба кафедраи «Пардохт ва назорати гумрукӣ» (мудири кафедра дотсент Насриддинов Ф. Б.) ва кафедраи «Ташхис ва ҳуқуқи гумрукӣ» (мудири кафедра генерал – майори хадамоти гумрук, н.и.ҳ. Ҳасанов К. Ҳ.) ҷудо карда шуд. Аз 1-уми сентябри соли 2011 роҳбари кафедраи «Пардохт ва назорати гумрукӣ» н.и.и. дотсент, Раҳимов Нуриддин Наъимович таъин гардид. Моҳи сентябри соли 2012 дар заминаи кафедраҳои «Пардохт ва назорати гумрукӣ» ва «Ташхис ва ҳуқуқи гумрукӣ» кафедраи «Фаъолияти гумрукӣ ва логистика» таъсис дода шуд ва роҳбарии онро то моҳи августи соли 2014 н.и.и., дотсент Раҳимов Н.Н. ба уҳда дошт. Аз охири моҳи августи соли 2014 иҷрокунадаи вазифаи мудири кафедра дотсент Мираков Қ. М. таъин гардид. Ҳоло дар кафедра устодони соҳибунвони ботаҷриба фаъолият мекунанд, ки саҳми бисёрии онҳо дар тайёр намудани мутахассисони баландпояи мақомоти гумрук назаррас мебошад. Аз ҷумла, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Мираков Қ. М., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Неъматов И. У., аълочии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хадамоти гумрук, устоди калон Шомудинов О. Д., устодони калон Саидов Н. Қ., Иматчоев З. Х., ассистентон Давлатов Ф.Ҳ., Давлатов Ф.С., Абдуллоев С.И., Тошев Ф.Ш., Ҳалимхонов З.А., ва Давлатова Т.С., оператор – ҳуҷҷатнигор Сафарова С. С., ҳамкорони дохила н.и.и., дотсент Попов Н.А., н.и.и., дотсент Содиқов М. С., устодони беруна н.и.и., дотсент Саидисломи Абдуҷаббор, н.и.ф., полковники хадамоти гумрук Абдуллоев М.М., аълочии мақомоти гумрук, сардори кафедраи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук подполковники хадамоти гумрук Маҳмадҷонов М. Д., полковники хадамоти гумрук Маҳмадзода Ҳайдар, нозири калони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук лейтенанти калони хадамоти гумрук Нозимов А. Х., нозири калони РМГ дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони хадамоти гумрук Иброҳимов Ҷ. Н., Табаров Зафар, Шоҳназари Хуҷаназар, Андаров Саидикром, Алиева Саида. Инчунин дар кафедра солҳои тўлони мутахассисони шинохтаи соҳаи гумрук Устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 40 - фанни таълимӣ дарс мегўянд. Яке аз мақсади аввалиндараҷаи устодони кафедра ин бо маводҳои таълимӣ таъмин намудани донишҷўён мебошад. Ҳамзамон оид ба фанҳои таълимие, ки аз ҷониби устодони кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 1 – 960101 – «Хадамоти гумрук», 1 – 96010101 – «Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ» ва 1 – 96010102 – «Таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» таълим дода мешаванд, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули санҷишу имтиҳонот, мавзўҳо дар шакли слайд, мавзўҳои корҳои курсӣ ва хатм, барномаи таҷрибаомўзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар солҳои 2012 - 2018 нақшаи дарсҳои амалию тарбиявӣ ва дигар маводҳои таълимӣ – методӣ таҳия намуда мавриди истифода қарор дода шудаанд. Кафедра бо кафедраҳои бисёр муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ робити зичи ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо кафедраи “Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ” – и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, мудири кафедра н.и.и., дотсент Ҷабборов А.И., кафедраи “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук” – и Фаъолияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, мудири кафедра н.и.и., дотсент Нидоев П.Ф., Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин, бо мақсади мубодилаи таҷриба ва дар ин замина баланд бардоштани савияи тахассусии устодони кафедра бо як қатор Барномаҳои хориҷӣ ҳамкориҳои зич дорад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва суръати баланди рушди мақомоти гумрук талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук дучанд баланд намудааст. Бинобар ҳамин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва дониши донишҷўён ва ба талаботи замон ҷавобгў будани онҳо гузошта шуд. Ҳоло кафедраи «Фаъолияти гумрукӣ» яке аз кафедраҳои асосии тахассусии факултети Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ буда, барои тайёр намудани мутахассисони мақомоти гумрук саҳмгузор мебошад. Устодони кафедра муаллифи чандин асарҳои илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 14 китоби дарсӣ, зиёда аз 210 мақолаҳои илмӣ мебошанд. Мавзўи тадқиқотҳои илмии устодони кафедра асосан ба масъалаҳои нақши мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили механизми ташкилию иқтисодии идоракунии мақомоти гумрук тавассути роҳу усулҳои нави фаъолияти гумрукӣ равона карда шудааст. Инчунин дар кафедра маҳфили илмии донишҷўён ва маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд. Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - техникӣ ва кадрӣ буда, аз рўи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис тайёр мекунад.

  • 1-960101 - хадамоти гумрук;
  • 1-96010102 – таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ;
  • 1-250109 – молшиносӣ ва муоинаи мол;
  • 1-26020323 – логистика.