Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Фанҳои гуманитарӣ

Муллоҷонов Асадулло

Мудири кафедра

Муллочонов Асадулло

номзади илмҳои таърих, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии III

Утоқ: 106

E-mail: a.mullojonov@feit.tj

Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Таърихи халқи тоҷик, фалсафа, фарҳангшиносӣ, педагогика, сотсиология, психалогияи касбӣ, сиёсатшиносӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Проблемаҳои консептуалии ҷомеаи Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Аз таърихи пайдоиш ва инкишофи молия ва бонкдории Тоҷикистон

Нашрияҳои асосӣ: 1. Психологияи муошират ва мубодилаи молию пулӣ, Муллоҷонов А. Дурахши илм.Паёми Донишкадаи молияи Тоҷикистон № 3,2011. 2. Мазҳаби Озодагон, Муллоҷонов А. Ҷавонон ва илми муосир (маҷмўаи мақолаҳоиилмӣ-назариявии конфронси ҷумҳуриявии олимони ҷавон бахшида ба 1310- солагии бузургдошти Имоми Аъзам) Душанбе,2010. 3. Муоширати сиёсӣ ва сабақҳои ҳалли моҷароҳо Юсупов Ҳ.Муллоҷонов А.Насриддинов Х. Дурахши илм (Паёми Донишкадаи молияи Тоҷикистон № 5,2011). 4. Ҳалли масъалаҳои экологӣ дар заводи алюминииТоҷикистон Муллоҷонов А. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Душанбе, 2006. 5. Водии Ҳисор–маркази қадимаи зироаткорӣ ва металлургия. Муллоҷонов А. Кишоварз Маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолииДонишгоҳи аграрииТоҷикистон. №4. Душанбе – 2006. 6. Махзани тахассуси молия Муллоҷонов А. «Ваҳдат, Давлат, Президент XI» Душанбе, «Дониш» 2011. 7. Муоширати сиёсӣ ва сабақҳои ҳалли он Юсупов Ҳ. Муллоҷонов А. ДМТ, кафедраи ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит, семинариилмӣ- назариявӣ оиди ба масъалаи «Масъалаҳои ҷорӣ намудани СБҲМ дар корхонаву муассисаҳои ҶТ«Дурахши илм», №5,2011. 8. Аз таърихи парчамдории тоҷикон Муллоҷонов А. Дурахши илм №5,2011. 9. Таърихи молияи Тоҷикистон аз замониқадим то имрўз Муллоҷонов А. «Дурахши илм» №6,2011. 10. Аз таърихи бонки давлатии «Амонатбонк» Муллоҷонов А «Дурахши илм» , №6,2012. 11. Назаре ба таърихи Иҷлосия XYI-уми Шўрои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муллоҷонов А. (Маҷмўаи мақолаҳои конфронси илмию назариявии ДМИТ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи ШОҶТ, ки 02.11.2012 баргузор шуд, саҳ23.) Душанбе,2013. 12. Чеҳраҳои таърихӣ дар осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Муллоҷонов А. Маҷмўаи осори илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон. ҚисмиII. саҳ145. Душанбе, 2013.

ТАЪРИХИ КАФЕДРА ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ яке аз кафедраҳои асосии ДМИТ ба ҳисоб рафта ҳачун кафедари умумидонишкадавӣ фаъолият менамояд.Ин кафедра баъди якҷоя шудани ду донишкада Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар заминаи ду кафедра кафедраи таърих ва фалсафа ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо фармони ректори ДМИТ таҳти №1/6.2 аз 30 майи соли 2012 таъсис ёфт. Кафедраи мазкур дар донишкада тибқи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намуда корҳои таълимӣ, таълимӣ – методӣ, илмӣ - таҳқиқотӣ тарбиявиро хуб ба роҳ монда фаъолият менамояд.


Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ алъон аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, педагогика, фарҳангшиносӣ, сотсиология, фалсафа, сиёсатшиносӣ, психологияи касбӣ ба донишҷӯён таълим дода мешавад.


Дар кафедра дар маҷмӯъ 30 нафар устодон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1-нафар профессор, 14 нафар номзадони илм, 10 нафар муаллимони калон ва 5 нафар ассистентон фаъолият менамоянд.


Дар кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хуб ба роҳ монда шуда 20 нафар устодон ба корҳои илмӣ машғул мебошанд, ки номи мавзӯи илмии кафедра, «Проблемаҳои консептуалии ҷомеаи Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ» буда ки тибқи нақшаи панҷсола ҳамаи устодон тибқи равия ва мавзӯи худ таҳқиқот мебаранд.


Дар кафедра дар баробари корҳои таълимӣ инчунин корҳои илмӣ-таҳқикотӣ хуб ба роҳ монда шуда устодони кафедра дар донишкада ва берун аз он дар конфронсҳо, семинарҳои методӣ ва мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо маърӯзаҳо ширкат менамоянд. Дар давоми фаъолияти кафедра аз соли хониши 2012-2013, 2013-2014, ва 2014-2015 дар кафедра 3 конфронси Ҷумҳуриявӣ, 15 семинари илмӣ назариявӣ, 12 нишасти илми адабӣ, 21 мизи мудаввар, 27 ҷамъомади васеъи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсидошта бахшида ба идҳои Артиши миллӣ, 8-март – рузи иди модарон,Ҷашни Наврӯз, 9 - май-рӯзи Ғалаба, 27 - июн Ваҳдати миллӣ, 1 - сентябр Рузи дониш, 9 - сентябр ҷашни Истиқлол, Рузи Парчам, Рузи Сарқонун, баргузор гардиданд, ки устодони кафедра дар ҳамаи ин чорабиниҳо фаъолона ширкат намуданд.


Устодони кафедра инчунин дар тамоми конфронсҳои берун аз донишкада низ фаъолияти назаррас дошта бо мақолаҳои худ ҳамеша дар ин чораьбиниҳо иштирок менамоянд. Дар инҷода махсусан ширкати устодони кафедра А.Муллоҷонов Н.Одилов, Ғ.Мирзоев, Т.Турсунова, Қ.Ҳомидова, С.Бақоева назаррас мебошад.


Самараи ҳамин фаъолият мебошад, ки дар давоми се соли сипаригашта устодони кафедра дар маҷалладохили ва берунӣ беш аз 125 мақола ба чоп расониданд, ки басо назаррас мебошад. Инчунин дар баробари ин аз тарафи устодони кафедра вобаста ба фанҳои марбутаи кафедра Силлабус (Барномаиҳои корӣ) таҳия карда мешавад, ки хеле муассир ба чашм мерасад.


Дар кафедра дар баробари корҳои таълимӣ инчунин корҳои илмӣ-таҳқикотӣ хуб ба роҳ монда шуда устодони кафедра дар донишкада ва берун аз он дар конфронсҳо, семинарҳои методӣ ва мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо маърӯзаҳо ширкат менамоянд. Дар давоми фаъолияти кафедра аз соли хониши 2012-2013, 2013-2014, ва 2014-2015 дар кафедра 3 конфронси Ҷумҳуриявӣ, 15 семинари илмӣ назариявӣ, 12 нишасти илми адабӣ, 21 мизи мудаввар, 27 ҷамъомади васеъи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсидошта бахшида ба идҳои Артиши миллӣ, 8-март – рузи иди модарон,Ҷашни Наврӯз, 9 - май-рӯзи Ғалаба, 27 - июн Ваҳдати миллӣ, 1 - сентябр Рузи дониш, 9 - сентябр ҷашни Истиқлол, Рузи Парчам, Рузи Сарқонун, баргузор гардиданд, ки устодони кафедра дар ҳамаи ин чорабиниҳо фаъолона ширкат намуданд.


Устодони кафедра инчунин дар тамоми конфронсҳои берун аз донишкада низ фаъолияти назаррас дошта бо мақолаҳои худ ҳамеша дар ин чораьбиниҳо иштирок менамоянд. Дар инҷода махсусан ширкати устодони кафедра А.Муллоҷонов Н.Одилов, Ғ.Мирзоев, Т.Турсунова, Қ.Ҳомидова, С.Бақоева назаррас мебошад.


Самараи ҳамин фаъолият мебошад, ки дар давоми се соли сипаригашта устодони кафедра дар маҷалладохили ва берунӣ беш аз 125 мақола ба чоп расониданд, ки басо назаррас мебошад. Инчунин дар баробари ин аз тарафи устодони кафедра вобаста ба фанҳои марбутаи кафедра Силлабус (Барномаиҳои корӣ) таҳия карда мешавад, ки хеле муассир ба чашм мерасад.


Бояд зикр намуд, ҳамаи устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар баробари иҷрои сарбории бар ӯҳдаашон дошта яъне таълим инчунин дар масъалаи ба нашр расонидани китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ низ кушиши зиёд доранд. Махсусан дар ин самт номи дотсент Ғ.Мирзоевро зикр намудан ҷоиз ва шоиста мебошад, ки номбурда дар самти ба нашр расонидани мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарси хеле пешқадам буда аллакай 4 китоби эшон ба нашр расонида шуд, ки бо номҳои Усули тарбияи ҷавонон бар асоси панду ахлоқи ниёгон, Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ ва консулӣ, Дипломатия: қоида ва меъёрҳои ташрифотӣ, фалсафа дар саволу ҷавоб буда ҳамаи ин китобҳо дар донишкада ва берун аз он мавриди истифодаи .


Дар самти нашри барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарси устодони кафедра А.Муллоҷонов, Ғ.Мирзоев, Ҳ.Юсупов, Н.Тоҷов, М.Манғитов, Қ.Ҳомидова, С.Бақоева, У.Сабуров, О.Назриева.


Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ устодоне фаъолият менамоянд, ҳар яке дар соҳаи худ соҳиби дониши мукаммал ва таҷрибаи калон буда дар баробари дарс гуфтан инчунин муаллифи китобҳои дарси ва манография мебошанд.


Дар кафедра Маҳфили илмии донишҷӯён (МИБ) ки назорати фаъолияти маҳфилҳои илмии назди кафедра ба амал мебарорад, устодонро ба кори илмӣ ҷалб менамояд.


Сарварии МИБ-и кафедраро муаллими калони кафедра У.Сабуров бар ӯҳда дорад ва номи маҳфил «Рузгорон» буда тамоми фаъолияти маҳфил идома дорад.


Теъдоди донишҷӯёне, ки дар маҳфил фаъолона иштирок карданд, 140 нафарро ташкил медиҳад.Маҳфил кори худро аз ташкил намудан шурӯъ намуда боиси ҷалб кардани донишҷӯёни болаёқат ва тайёр намудани онҳо ба конфронсҳои дохили донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва дар оянда аз онҳо тайёр намудани мутахассисони сохаи молия ва иқтисод гардидааст.


Аз рӯи нақша маҳфил ба кори худ бо ҷалби донишҷӯёни лаёқатманд шуруъ кард, ки дар давоми ҳар соли хониш беш аз 15 маротиба дар доираи мавзӯҳои ҳаётан муҳим бо ҷалби олимону шахсиятҳои баруманди илму маориф ва собиқадорони соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ҷамъомади хешро анҷом медиҳад. Дар раванди кори ҷамъият мизҳои мудаввар низ баргузор карда мешаванд, ки ҳар мавзӯи он аҳамияти хосаро дорост.


Дар муфовиқа бо ҷадвали кории МИД устодон ба мислӣ А. Муллоҷонов, Ғ.Мирзоев, Ҳ.Юсупов, Н.Тоҷов, М.Манғитов, М.Маҳимов, Қ. Ҳомидова, С. Бақоева, А.Турсунова, О.Назриева, А.Аминзода, У.Сабуров, И.Ҷобиров, Х.Бойназаров ва Ф.Сафарзода дар маҳфил ва мизҳои мудаввар дар якҷоягӣ фаъолона ширкат варзида саҳми худро гузоштанд.


Саҳми кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар баргузории Олимпиадаҳои Ҷумҳуриявӣ хеле назаррас буда ҳамасола устодон бо шогирдонашон дар ин самт корназаррас анҷом медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки дар санаи 2-4 майи соли 2013 дар шаҳри Қурғонтеппа давраи ниҳоии Олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа донишҷуи курси якуми ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарзи факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Ҳасанов Олимҷон сазовори ҷои сеюм гардид, ки дар таърихи Донишкадаамон аввалин маротиба мебошад.


Бо таҷрибаи дар боло андӯхта дар соли дигараш дар санаи 24-27 апрели соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд давраи ниҳоии Олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он аз кафедраи фанҳои гуманитарӣ се нафар донишҷуён аз се фан ширкат намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Азҷумла донишҷӯи курси сеюми факултаи молия ва қарз Зафари Саидқул аз фанни фалсафа сазовори ҷои 1-ум гардид, ки дар тайёр кардани ӯ саҳми дотсент Ғуломҷон Мирзоев муассир мебошад. Инчунин донишҷӯи курси дуюми факултаи молия ва қарз Обидов Миразиз аз фанни сиёсатшиносӣ сазовори ҷои 2-ум гардид, ки дар тайёр намудани ӯ асистенти кафедра И.Ҷобиров заҳмати зиёд кашида ба чунин дастовард ноил гардид. Ҳамчунон донишҷӯи курси дуюми ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарз факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Ҳасанов Олимҷон сазовори ҷои чорум гардида соҳиби ифтихорномаи фахрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки номбурда шогирди дотсент А.Муллоҷонов буд.


Бояд зикр намуд, ки устодони кафедра чи тавре, ки дар боло зикр гардид, дар баробари таълим инчунин ба корҳои илмӣ ва методиву тарбиявӣ саҳми назаррас дошта барои ноил гардидан ба зинаҳои баланди илмӣ ҳамвора кушиш ба харҷ медиҳанд. Дар кафедра 14 нафар устодон соҳиби унвони илмӣ буда инчунин устодони дигар низ барои расидан ба ин дараҷа кӯшиш доранд. Азҷумла дар соли 2014 дар санаи 13.11.2014 муаллими калони кафедра Убайдулло Сабуров дар мавзуи «Хусусиятҳои педагогии истифодабарии унсурҳои этнопедагогика дар тарбияи меҳнатии хонандагон» рисолаҳои номзадии худро дар Шӯрои ҳимояи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дифоъ намуда номзади илмҳои педагогика гардид. Инчунин рисолаи номзадии О.Назриева низ аз муҳокимаи Шӯрои дифои ДДОТ ба номи С.Айнӣ гузашта дар арафаи ҳимоя қарор дорад. А.Аминзода низ як маротиба аз муҳокимаи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта дар арафаи анҷом додани ислоҳот мебошад. Ҳамчунон рисолаи доктории мудири шӯъбаи таъбу нашри Донишкада номзади илмҳои педагогӣ Носиров С.Ш., ки ҳамкори дохилии кафедра мебошад дар мавзӯи «Асосҳои дидактикӣ-психологии ташаккули малака, маҳорат ва донишҳои зеҳнии хонандагон» арафаи анҷомёбист.


Умуман дар кафедра дастовардҳо дар тамоми бахшҳо назаррас буда устодони кафедра дар якҷоягӣ барои ноил гардидан ба нақшаҳои дарпеш гузоштаашон кушиши зиёд дошта баҳри расидан ба ин ниятҳои нек заҳмат мекашанд.