Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Фаъолияти биржавӣ ва бозори қоғазҳои қимматнок

Муминов Абдукарим Бегович

Мудири кафедра

Муминов Абдукарим Бегович

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии I

Утоқ: 400

E-mail: k.muminov@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ БИРЖАВӢ ВА ҚОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

Кафедраи фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети молия ва қарз тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти фармони № 53/и аз 25 июни соли 2012 таъсис додашудааст. И.в. мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Пулодов Ҳ.Н. таъин карда шуда буд ва бо қарори Шӯрои олимони донишкада аз 03.12.2012 сол барои ишғоли вазифаи мудири кафедра тариқи озмун номзади илмҳои иқтисодӣ Муминов А.Б. таъин гардид. Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои агенти бозори қоғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги бозори қоғазҳои қиматнок, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, молия, фаъолияти бонкӣ, бозори қоғазҳои қиматнок, омор ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Кафедраи «Фаъолияти биржавӣ ва қогазхои киматнок» дар соли 2011 дар назди кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»-и собиқ Донишкадаи молияи Тоҷикистон тахассуси «Бозор фондӣ» таъсис дода шуд. Соли 2013 нахустин хатмкунандагони тахассуси «Бозори фондӣ» аз кафедраи навтаъсиси «фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок» донишкадаро хатм намуданд. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилали талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи бозори фондӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бинобар ҳамин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Ҳоло кафедраи фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок яке аз кафедраҳои асосии факултаи молия ва карз мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси бозори ифондӣ дотсентон Муминов А.Б.,н.и.и.,Муслихова Т.Т.устодони калон Шарипов Х.Р.,Солиев Н.А., ассистент Боймуродов Ҷ., ва ассистент Ҳукматуллоева Г.Н. кор ва фаъолият намудаанд. Ба сифати ҳамкорон н.и.и., М. Буриева– сармутахассиси райёсати таълим, А. вазиров – муовини декан оид ба таълим дар факултети технологияи информатсионӣ, саҳми худро дар рушди кафедра гузоштанд. Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра саҳми олимони тоҷик-д.и.и., профессорон Л.Ҳ. Саидмуродов, Х. Ғафуров, З. Раҳимов, н.и.и., дотсентон Қ. Асоев хеле калон аст.