Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Фаъолияти бонкӣ

Сандалов Хакимбек Абдулалимович

Мудири кафедра

Сандалов Ҳакимбек Абдулалимович

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии I

Утоқ: 312

E-mail: h.sandalov@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Фаъолияти бонкӣ, Низоми пулию бонкӣ, Идораи хатари бонкӣ, Назария иқтисодӣ, Микроиқтисод, Макроиқтисод ва Иқтисодиёти ҷаҳон

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Бехатарии берунииқтисодӣ дар шароити иқтисоди кушод.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Асосҳои назариявии бехатарии берунииқтисодӣ дар шароити иқтисоди кушод ва гузариш (дар мисоли ҶТ)

Нашрияҳои асосӣ: 1. Муаммоҳои бехатарии берунииқдисоди дар иқтисодӣ ҷаҳон // Ашъори академияи илмҳаи ҶТ: отделение общественных наук. - №6. – Душанбе. – 2011г. – С. 64-67. - 0,6 п.л. 2. Таъмини старатегияи давлати бехатарии берунииқтисодии Тоҷикистон // Вестник Педагогического университета. - № 1 (44). – Душанбе. - 2012г. – С. 425. - 0,8 п.л. 3. Таҳлили омилҳои бехатарии асъор ҳамчун элементи бехатарии беруннииқтисодии Тоҷикистон // Вестник Педагогического университета. - №1 (44). – Душанбе. - 2012г. – С. 431. - 0,9 п.л. 4. Таҳлили муаммоҳо ва асосҳои барқароршавии консепсияҳои бехатарии берунииқтисодии Тоҷикистон // Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). – Душанбе. – 2012г. - № 2. - 1,1 п.л. 5. Муаммоҳои ҷалби сармояи ҳориҷи дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон // Вестник Института экономики Таджикистана (научный журнал). – Душанбе. – 2007г. - 2008. - № 7. – 0,3 п.л. 6. Нақши асъори - молиявӣ сиёсат дар таъмини бехатарии иқтисодӣ / Материалы республиканской научно-практической конференции. Таджикского национального университета – Душанбе. - 2007-2008. – 0,5 п.л. 7. Сиёсати молиявӣ ҳамчун омили бехатариииқтисодӣ // Вестник Института экономики Таджикистана (научный журнал). – Душанбе. – 2008-2009. - № 8. – 0,7 п.л. 8. Бекори иҷтимои ҳамчун омили бехатарииқтисоди // Вестник Института экономики Таджикистана (научный журнал). – Душанбе. – 2009-2010. - № 4. – 0,6 п.л. 9. Нақши бехатари берунииқтисоди дар иқтисодиёти ҷаҳон // Вестник Института экономики Таджикистана (научный журнал). – Душанбе. – 2009-2010. - № 6. – 0,6 п.л. 10. Муаммоҳо ва зинаҳои барқароршавии бехатарии берунииқтисодӣ Тоҷикистон / Комитет молодежи, спорта и туризма при правительстве Республики Таджикистан. – Душанбе. - 2011г. - 0,5 п.л. 11. Арзёбии иқтисоди кушод ва бехатарии берунииқтисоди Тоҷикистон // Института экономики Таджикистана (научный журнал). – Душанбе. – 2011-. - № 6. – 0,8 п.л. 12. Бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини сармояи зеҳни дар бозори меҳнат / Финансовая реформа за 20 лет независимости Республики Таджикистан. Научно-исследовательский институт «Финансы». Министерстве финансов Республики Таджикистана, ТИФ. – Душанбе. – 2011г. - 0,8 п.л. 13. Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии бехатрии берунииқтисодии ҶТ дар шароити иқтисодӣ кушод / Материалы научно-практической республиканской конференции «Государственное регулирование экономико-финансовых отношений в условиях развития инновационных процессов и межкультурно-региональных коммуникаций». Душанбе. – 2012г. - 0,5 п.л. 14. «Мувафақиятҳо ва ояндаи занони соҳибкор дар рушди ҶТ». Республиканской научно-практической конференции. Институт предпринимательства и сервиса. «Женское предпринимательство в Таджикистане: состояние, тенденции и перспективы» Душанбе 2014 года - 0,5 п.л

Таърихи кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»

Мувофиқи қарори Шӯрои олимони Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ таҳти фармони №770/д-и аз 10 сентябри соли 2003 кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» дар базаи кафедраи «Молия, муомилоти пул ва қарз» таъсис дода шуд. Кафедра фаъолияти самараноки худро пурра аз 19-уми сентябри соли 2003 баъд аз тавсиби фармони ректор дар бораи ба вазифаи мудири кафедра таъин шудани марҳум д.и.и., профессор Д.Г.Гулмирзоев оғоз гардид. Саҳми марҳум дар ташаккул ва рушди корҳои илмӣ-таълимию методии кафедраи фаъоияти бонкӣ зиёд буд. Дар давраи роҳбарии Гулмирзоев Д.Г. дар назди кафедра бонкӣ таълимӣ барои назарияро бо амалия алоқаманд намудан кушода шуд, ки таҷрибаи амалии кори донишҷӯён мусоидат мекард.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ дар корҳои илмӣ – тадқиқоти қиёси донишкада дар баробари дигар кафедраҳои тахасусӣ мавқеи муайян дошта дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии он дар пешбурди фаъолияти устувори иқтисодӣ ва омодасозии кадрҳои варзидаи соҳавӣ мусоидат мекунад.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ яке аз аввалин кафедраҳое мебошад, ки дар Донишкадаи Андоз ва ҳуқуқ ташкил карда шуда, фаълияти баъдинаашро дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва айни ҳол дар базаи ду кафедраи донишкадаҳо яъне Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият намуда истода дар омодасозии кадрҳои соҳавӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Таъсисдиҳандаи кафедраи фаъолияти бонкӣ марҳум доктори илмҳои иқтисодӣ профессор академики академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмирзоев Д.Г. мебошад.

Мақсади асосии таъсис намудани кафедра дар омода намудани мутахасисони гуногун соҳаи донишкада ва ташкил намудани таълими босифати фанҳои «Фаъолияти бонкӣ», «Муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ», «Идора кардани хатари бонкӣ», «Амалиётҳои бонкӣ», «Низоми бонки мамлакатҳои хориҷа», «Ташкили фаъолияти бонки марказӣ», «Таърихи бонкҳо», «Низоми пулию бонкӣ», «Коргузори дар бонк», «Фаъолияти амонатбонк», «Сиёсати молиявии бонкҳои тиҷоратӣ», «Бонки электронӣ», «Навовариҳои электронӣ дар бонк» буд. Дар кафедра аз давраи фаъолият то ин ҷониб олимон ва устодони ботаҷрибаи илми иқтисоди мактабҳои олии шаҳри Душанбе ба монанди марҳум Академик Гулмирзоев Д.Г, профессорон Умаров Ҳ.У., Мирсаидов А.Б.,Султонов З., дотсентон Ашуров Н., Солиев Н.Н., Султонзода Ҷ.У., Донахонов И.С., Ҷураев Б.М., Қурбонов М.,Пулодов Ҳ.Н., Миразизов ва дигарон дар кафеда ба донишҷӯён таълими илм додаанд.

Нахустин устодони ҷавон ва дастпарварони кафедра дар давраи таъсисёбии донишкада ва кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» инҳо буданд: марҳум Гулмирзоев Д.Г.,Ашуров Н., Солиев Н.Н., ., Бобомуродов Б.Э., Донахонов И.С., Хайров Ш.,Қ., Ҷураев Б.М., Раҳимова А.В., Муслихова Т.Т., Қаюмова С.Р., ассистентон Тошева М.Ф., Эргашева М.

Дар тайёр кардани кадрҳои тахасусӣ ҳиссаи кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» бениҳоят калон буда дар омодасозии кадрҳои варзидаи соҳавӣ саҳми назаррас дорад. Кафедра дар зери роҳбарии академик Гулмирзоев Д.Г. рушду нумуъ ёфта, рӯз то рӯз ба базаи мубоҳисави ва маҳфили илми иқтисоди мубадал ёфта буд. Корпуси педагогии кафедра мустаҳкам буда дар он барои сайқал додани дониши донишҷӯён як зумра чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки тибқи онҳо кафедра амал намуда истодааст. Имрӯз дар кафедраи фаъолияти бонкӣ: маҳфили илмии донишҷӯён, семинарии доимоамалкунандаи устодони кафедра баргузор мегардад. Дар кафедаи фаъолияти бонкӣ устодони зерин ба ҳайси мудири кафедра роҳбари намудаанд: Гулмирзоев Д.Г. ( солҳои 2003 – 2009) бо ҳамроҳии профессор Султонов З., дотсентон Миразизов, Ашуров Н., Солиев Н.Н.,Пулодов Ҳ.Н., муаллимони калон Бобомуродов Б.Э., Донахонов И.С., Ҷураев Б.М., Раҳимова А.В., Хайров Ш.,Қ., Ҷураев Б.М., Раҳимова А.В., Муслихова Т.Т., Қаюмова С.Р., ассистентон Тошева М.Ф., Эргашева М. ва дигарон кор мекарданд. Дар давраи роҳбарии Ашуров Н., Умаров Ҳ. (солҳои 2009 2011) Хайров Ш.Қ (солҳои 2012-2014) аз 16 уми июни соли 2014 то ин ҷониб роҳбарии кафедра ба зимаи Сандалов Ҳакимбег Абдуалимович во гузошта шудааст, ки дар мавзуъҳои гуногуни илмӣ дар якҷояги бо ҳамроҳии устодон тадқиқот бурда истодаанд.

Мавзӯи умумии илмӣ - тадқиқотии кафедра «Таҳким ва пешниҳоди намудҳои навӣ хизматҳои бонкӣ ба мақсади руши устувори иқтисодӣ» таҳия ва пешниҳод гардида буд. Самти илмии кафедра ба ҳафт номгӯи мавзӯъҳо ва земавзӯъҳо ҷудо мешавад. Фасли 1. - «Таҳким ва пешниҳоди намудҳои нави хизматҳои бонкӣ ва омилҳои ташаккули нархи хизматҳои бонкӣ»(Хусусиятҳои ташаккули нархи хизматҳои бонкӣ, муаммоҳои ташаккули бозори байнибонкӣ ва роҳҳои ҳали он, моҳият ва назарияҳои маҳсулотҳои бонкӣ, мувофиқати хизматҳои бонкӣ бо талаботи бозори молия, ): Фасли 2. – «Нақши бонкҳои тиҷоратӣ дар рушди соҳибкории ватанӣ»(таъсири сармояи бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ, таҳлил ва таҳкими манбаъҳои сармоягузории корхонаҳои ватанӣ, қарзи давлатӣ ва муаммоҳои идоракунии қарзи давлатӣ, муамоҳои итироки бонкҳои тиҷоратӣ дар раванди сармоягузории соҳибкории ватанӣ) Фасли 3. –«Таркиби портфели қарзии бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳҳои такмили он» (низоми бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаҳои бӯҳрон, тамоюл ва дурнамои рушди фаъолияти бонкӣ). Фасли 4.-«Танзими давлатии фаъолияти бонкӣ дар кишвар ва роҳҳои такмили он»(такмили низоми давлатии фаъолияти бонкӣ, Устувоӣ ва такмили сиёсати пулию қарзии ҶТ). Фасли 5.-«Тамоюл ва дунамои инкишофи фаъолияти бонкдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тамоюл ва густариши муносибатҳои бонкҳои кишвар бо бонкҳои хориҷа, такмил ва механизмҳои асосии фаъолияти бонкҳои исломӣ дар ҶТ) Фасли6 .-«Сиёсати қарзии бонкҳои тиҷоратӣ»(такмили сиёсати макетингии бонкҳои тиҷоратӣ,такмили бозори байнибонкии қарзтаҳлили омилҳои ташаккули фоидаи бонк) Фасли7 .-«Дурнамоии фаъолияти сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ»(таҳлили сектори бонкӣ ва нақши он дар рушди саноат, муаммоҳои раванди сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ дар иқтисодиёти кишвар).

Аз аввали таъсисёбии кафедра самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии кафедра барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ, ки барои сатҳи гузориш ба иқтисодиёти бозорӣ барои Тоҷикистон хос мебошад равона шуда буд.

Оиди ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ устодони кафедра зиёда аз 25 асар ва 200 мақолаҳои илмӣ таълиф намудаанд. Аз он ҷумла ба қалами устодони кафедра китобҳои зерин мансуб мебошад: «Муомилоти пул ва қарз»: АшуровН., Нашриёти «Ирфон»: Душанбе - 2002., «Идора кардани хатари бонкӣ», Ашуров Н., Нашриёти «Ирфон»: Душанбе - 2006с, «Пул, қарз ва бонко», Ашуров Н., Хайров Ш.Қ., Маҳмадкаримов Х.Ш., Нашриёти «Ирфон», Душанбе - 2013с., «Денежно – кредитного политика Республика Таджикистан», Ашуров Н., Нашриёти «Нодир», Душанбе - 2004с., «Муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ», Махшулов С.Ҷ., «Матбуот», Душанбе - 2013с. «Пул, қарз ва бонк», Ҷураев Б.М ., Нашриёти «Ирфон», Душанбе - 2006с ва як зумра мақолаву монографияҳо ба табъ расидаанд.

Айни ҳол дар кафедраи фаъолияти бонкӣ 1 нафар профессор, 7 нафар номзади илм дотсент, 5 нафар номзади илм, 5 нафар ассистентон кор мекунанд.