Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Баҳисобгирии муҳосибӣ

Пираков Рустам Музаффарович

Мудири кафедра

Пираков Рустам Музаффарович

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: Building 3

Утоқ: 307

E-mail: r.pirakov@feit.tj

Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Баҳисобгирии муҳосибӣ дар бонкҳо, Баҳисобгирии муҳосибӣ, Баҳисобгирии молиявӣ.

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Ташкили терреториявии соҳаи хоҷагии қишлоқ оиди озуқаворӣ дар ҶТ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Омўзиши усулҳои пешқадами ҳисобдорӣ мувофиқи СБҲМ

Нашрияҳои асосӣ: Барномаҳои таълимии «Муқадиммаи ихтисос». Душанбе, 2009. ДМТ. Барномаҳои таълимии «Пул қарз ва бонкҳо». Душанбе, 2009. ДМТ. Монография Ташкили терреториявии соҳаи хоҷагии қишлоқ оиди озуқаворӣ дар ҶТ.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ»


Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, таҳти № 36/И аз 9-уми июли соли 2010-ум кафедраи «Ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит» ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис ёфт. Бо фармони ректори ДМТ, таҳти № 38/И, аз 12 июли соли 2011 кафедраи мазкур ба ду кафедраи мустақил: «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит», «Омор ва таҳлил» ҷудо карда шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 227 аз 11 майи соли 2012 дар заминаи Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо қарори Шӯрои Олимони ДМИТ, таҳти № 1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 39 аз 31 майи соли 2012 сохтори ДМИТ ва дар таркиби факултети ҳисобдорӣ ва омор кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит тасдиқ карда шудааст. Мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳимов С.Х. интихоб шудааст. Дар кафедра аз рӯи ихтисосҳои «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо» (таҳти шифри тахасусии 1-25-010801), «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ (хазинадорӣ)» (таҳти шифри тахасусии 1-25-010803), «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар корхонаҳои тиҷоратӣ» (таҳти шифри тахасусии 1-25-010804), «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат» (таҳти шифри тахасусии 1-25-010805), «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар фаъолияти иктисодии беруна» (таҳти шифри тахасусии 1-25-010814), мутахассисон тайёр карда мешаванд.