Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Андоз ва андозбандӣ

Исломов Тохир Султонмуродович

Мудири кафедра

Исломов Тоҳир Султонмуродович

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


E-mail: t.islomov@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Андозбандӣ ҷумҳуриявӣ ва андозситонӣ аз ташкилотҳо, Пешгӯи ва банақшагирӣ дар андозбандӣ, Назария ва таърихи андоз, Ташкил ва усули мусоҳибаи андоз

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Низоми андоз

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: История становления налоговой системы РТ

Нашрияҳои асосӣ: Китоби дарсӣ «Таърихи молия, андоз ва ташаккулёбии андозбандӣ дар Тоҷикистон» нашрияи Ирфон»-14,75 ҷч. (2009), китоби дарсӣ «Таърихи молия, андоз ва ташаккулёбии андозбандӣ дар Тоҷикистон» (бо назардошти иловаю тағиротҳо) нашрияи Ирфон»-16 ҷч. (2012), Васоити таълимӣ Системаи андози миллии Тоҷикистон» нашриёт «Ирфон» 8 ҷч. (2004), Андоз ва андозбандӣ: саволу ҷавобҳо (ҳам муаллиф-1.0 п.л) нашриёт «Ирфон»-2009с., Назарияи иқтисод: саволу ҷавобҳо нашриёт «Ирфон»-2009с. 2.0 п.л (ҳаммуаллиф-1.0 п.л), «Молия, муомилоти пул ва қарз нашриёт» «Ирфон»-2009с. 2.0 п.л (ҳаммуаллиф-1.0 п.л) «Андоз ва андозбандӣ дар амалия» нашриёт «Ирфон»-2009с. 8.0 п.л (ҳаммуаллиф-7.0 п.л), «Андоз ва андозбандӣ дар амалия» (нашри якум) Нашриёт «Ирфон»-2012с. 4.0 ҷч. (2,93 ҷч.), «Андоз ва андозбандӣ дар амалия» (нашри дуюм) нашриёт «Ирфон»-2013 4.0 ҷч. (2.0ҷч.), «Дастури методӣ оид ба иҷрои корҳои хатмкунӣ барои донишҷӯёни курси 4-5-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ 1-25010403» Душанбе 2012 с. 1,5 ҷч., Саволу ҷавобҳои имтиҳоноти давлатӣ аз фанни андоз ва андозбандӣ Душанбе, 2013с. 3,0 ҷч. (1,5 ҷч.) «Кодекси андози ҶТ: истифодаи амалӣ» нашриёт «Ирфон» 2014с. 7 ҷч., Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои: Идоранамои фаъолияти андоз, Андозбандии ғайрирезидентҳо, Назария ва таърихи андозбандӣ. (бо ҳаммуаллифӣ)

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «АНДОЗ ВА АНДОЗБАНДӢ»

Кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» яке аз ҷузъи таркибии факултаи «Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ» ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони касби равияи андозу андозбандӣ саҳми муайянеро ишғол карда истодааст. Фаъолияти кафедра дар самти таълимӣ, таълими-методӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ то имрӯз бо нақша ва мақсадҳои дар доираи талаботи мактаби оли мутобиқ буда мунтазам анҷом ёфта истодаанд. Кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» мувофиқи фармони ректори ДМИТ аз 30.05.2012, таҳти № 1/6.2 таъсис дода шуда, мувофиқ ба ҳаҷми сарбории муайянгардида дар гурӯҳҳои анъанавӣ ва кредитӣ фаъолияти худро пеш мебарад. Кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» кафедраи тахассусӣ буда, дар он як ихтисос 1-25010403 «Андоз ва андозбандӣ» амал мекунад. Дар тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси худ дар вазоратҳо, кумитаи андоз, хадамоти гумрук, корхонаҳо, ташкилотҳо ва ғайра саҳмгузорӣ намуданд. Соли 1997 мудири кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» н.и.и., дотсент Оймаҳмадов Г.Н. таъин гардид. Соли 1998 дар заминаи кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» кафедраи «Муомилоти пул ва қарз» таъсис дода шуд. Мудири кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» н.и.и., дотсент Бегматов А.А. ва мудири кафедраи «Муомилоти пул ва қарз» н.и.и., дотсент Оймаҳмадов Г.Н. таъин гардиданд. Баъдан дар соли 2003-ум тибқи фармони ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ , таҳти рақами №370-д/н аз 10.09.2003 дар заминаи кафедраи «Муомилоти пул ва қарз», кафедраҳои «Молия» ва «Умури бонк» таъсис дода шудаанд. Мудири кафедраи «Умури бонк» д.и.и., профессор Гулмирзоев Д.Г. ва мудири кафедраи «Молия» н.и.и., дотсент Оймаҳмадов Г.Н. таъин гардиданд. Тибқи фармони ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва сохтори кафедраҳо», таҳти рақами №44-д/н аз 1 феврали соли 2010 дар заминаи кафедраҳои «Молия», «Андоз ва андозбандӣ» дар ҳайати факултети «Иқтисодиёт ва молия» кафедраи «Молия ва андоз» таъсис дода шуд. Кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» мувофиқи фармони ректори ДМИТ аз 30.05.2012, таҳти № 1/6.2 таъсис дода шуда, имрӯз сарварии кафедраи номбурдаро н.и.и.дотсент Ҷумабоев Х.Қ. ба ӯҳда дорад.