Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Аудит ва ревизия

Орзуев Парвизджон Джамолиддинович

Мудири кафедра

Орзуев Парвизҷон Ҷамолиддинович

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии III

Утоқ: 311

E-mail: p.orzuev@feit.tj

Маълумот: Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Аудит, Аудит дар бонкҳо,Назорати давлатӣ ва аудит,Стандартҳои байналмиллалии аудит

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Дигаркунии сохторӣ ҳамчун рушди устувори корхонаҳои саноатӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Муаммоҳои такмилдиҳии аудит ва назорат дар субъектҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи СБҲМ

Нашрияҳои асосӣ: Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ (китоби дарсӣ 2012с.), Навкунии саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҷдид(монография-2012с.), Корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон ҳамчун объекти таҷдид (мақола), Имкониятҳои ҷоринамоии низоми «Директ-костинг» дар корхонаҳои ватанӣ (мақола),Нақш ва мавқеи аудити давлатӣ дар низоми идоракунии соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ (мақола), Аудити самаранокии воситаҳои буҷетӣ (мақола), Нақши калидии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ташкил ва банизомдарории ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ ва умумихоҷагӣ (мақола)

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «АУДИТ ВА РЕВИЗИЯ»

Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бо қарори Шӯрои Олимони ДМИТ, таҳти № 11/15 аз 26 майи соли 2014 сохтори ДМИТ дар ҳайати факултети ҳисобдорӣ ва омор кафедраи «Аудит ва ревизия» таъсис дода шуд ва дар ин замина мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, таҳти № 114/И аз 08 июли соли  2014 кафедраи «Аудит ва ревизия» ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис ёфт. Мудири кафедраи аудит ва ревизия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Орзуев П.Ҷ. интихоб шудааст. Устодони кафедра мақола ва корҳои илмии худро дар нашрияҳои гуногун ба чоп расонида шудааст. Мувофиқи стандарти давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таълим фанҳои зиёди таълимии нав ҷорӣ карда шудаанд, ки зимни он дар фаъолияти кафедра низ барои омода намудани маводҳои методӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар кафедра аз рӯи ихтисоси «Аудит ва ревизия» (таҳти шифри тахасусии 1-25-0111), «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар корхонаҳои тиҷоратӣ» (таҳти шифри тахасусии 1-25-010804), мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Мунтазам аз тарафи устодони кафедра дарсҳои кушод гузаронида мешавад, ки дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима карда мешавад. Аз чониби устодони кафедра бисёр васоитҳои талимӣ ва луғатҳои гуногун таҳия гардидаанд, ки ба донишҷӯён кумаки зиёд мерасонанд. Устодони кафедра дар тамоми чорабиниҳои тарбиявии умумидонишкадавӣ иштирок менамоянд.