Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Кафедраҳо

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ»
   

     Мувофиқи қарори Шӯрои олимони Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ аз 1 ноябри соли 1996 таҳти фармони №227, кафедра бо номи «Фанҳои иқтисодӣ» ташкил карда шуда буд. Соли таҳсили 2002-2003 дар базаи кафедраи «Фанҳои иқтисодӣ» кафедраи «Иқтисоди назариявӣ» ва «Таърихи афкори иқтисод ва хоҷагии халқ» ташкил карда шуд.
   Солҳои таҳсили 2006-2007 тақсимоти кафедра давом ёфта, дар натиҷа дар базаи кафедраи «Иқтисоди назариявӣ» кафедраҳои «Назарияи иқтисодӣ», ва «Иқтисоди соҳибкорӣ» ташкил карда шуданд. Инчунин худи ҳамин сол номи кафедра иваз шуда, «Назарияи иқтисодӣ» номгузорӣ гашт.
   Кафедраи назарияи иқтисодӣ яке аз аввалин кафедраҳое мебошад, ки дар Донишкадаи Андоз ва ҳуқуқ ташкил  шуда, фаъолияти баъдинаашро дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва айни ҳол дар базаи ду кафедраи донишкадаҳо яъне Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис ёфта,  фаъолияти тағйирёбии донишкадаро аз сар гузаронидааст.
Saidmurodov400x250.jpgТаъсисдиҳандаи  кафедраи Назарияи иқтисодӣ н.и.и, дотсент (айни ҳол д.и.и, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон) Саидмуродов Лутфулло Ҳабибулоевич буда, сахми устод дар ташкил ва раванди гузаштаву имрӯзаи кафедра хеле зиёд мебошад.  
   Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич 14 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи ходими намоёни илмию давлатӣ таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди яке аз арбобони намоёни илму сиёсат - марҳум    Саидмуродов Ҳабибулло Муродович буда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор  мебошад. 
   Мавсуф солҳои 1976-1981 донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва (Федератсияи Русия) ба номи М.В.Ломоносов буда, баъд аз хатми бомуваффақияти донишгоҳи мазкур, фаъолияти меҳнатиашро дар соҳаҳои гуногуни илмию ҷамъиятии зодгоҳи хеш пеш бурдааст.
Солҳои 1981-1994 – ассистент, муаллими  калон, дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
Солҳои 1994-1996 дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии иқтисодии факултаи молияву иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;
Солҳои 1996-2006 декани факултаи иқтисодӣ ва аз соли 2004 мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2006-2010 мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон;
Аз соли 2010 то имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон.
Ҳамзамон, соли 1991 узви Шӯрои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва соли 1997 аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти бехатарии Аврупо (ОБСЕ) ба сифати нозири байналхалқии интихоботи Парламенти Ҷумҳурии Сербия фаъолият намудааст.
Ӯ соли 1994 дар Пажӯҳишгоҳи рушди иқтисоди Бонки умумиҷаҳонӣ  (ш.Вашингтон) доир ба проблемаҳои иқтисодиёти бозорӣ ва соли 1997 дар Донишгоҳи Твент (Twente, Голландия) доир ба курси макроиқтисод таҷриба омӯхтааст. Соли 2001 дар Япония (Токио) дар курсҳои доир ба такмил додани идораи маълумот ва тайёрии техникӣ иштирок кардааст.
Солҳои 2002-2004 ба ҳайси директор ва профессори байналмилалии ҳамкор дар барномаи байналмилалии - «Такмили ихтисоси муаллимони факултаҳои иқтисодии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият доштааст.
Саидмуродов Лутфулло Ҳабибулоевич, рисолаи илмии номзадиро соли 1987 ва рисолаи докториро соли 2005 ҳимоя намуда, муаллифи бештар аз 85 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ буда, онҳо ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ чоп шудаанд, ки ҳаҷмаи умумии онҳо зиёда аз 130 ҷузъи чопиро дар бар мегирад, ҳамчунин 4 монография ва 6 китоби дарсӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. 
Ӯ оиладор буда, соҳиби чор фарзанд ва ду набера мебошад.
Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич олими намоёни соҳаи иқтисодӣ буда, дар давоми 29 соли фаъолияти меҳнатии худ ҳамчун шахси меҳнатдӯст, масъулиятшинос ва роҳбари кордон шинохта шудааст. Маҳсули меҳнат ва натиҷаи заҳматҳои ҳамешагии Саидмуродов Л.Ҳ., ин тайёр намудани шогирдони зиёд ва мутахассисони соҳаи иқтисод буда, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои ниҳоии миллии соҳаи иқтисод пайваста азму талош дорад. Нисбати хурду калон ҳалиму меҳрубон буда, дар тарбияи шогирдон сахтгиру серталаб мебошад. 
Саидмуродов Лутфулло Ҳабибулоевич, фидоии роҳи илм буда, бо маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳои байналхалқии ҷумҳурии Чехия, Япония, Малайзия, Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Туркия ва Тоҷикистон баромад намудааст. 
Мавсуф ҳоло мактаби махсуси илми иқтисодиро дар равияи «иқтисоди кушоди хурд дар давраи гузариш» созмон додаст. Бо роҳбарии бевоситаи ӯ 9 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда,  7 нафар корҳои илмии  худро идома дода истодаанд. 
Хизматҳои шоёни устод Саидмуродов ЛутфуллоҲабибуллоевичро ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми ҶТ ба инобат гирифта ӯро бо медали «Хизмати шоиста» (соли 2004); «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (соли 2001); «Грамотаи фахрӣ»-и Вазорати маорифи ҶТ қадр кардаанд. 
Дар таҳти роҳбарии олими ҷавон кафедра ба яке аз маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гашт.
Мақом ва масъулияти Саидмуродов Лутфулло Ҳабибулоевичро дар пешбарии раванди таълим ба назар гирифта, раёсати онвақтаи донишкада хатмкунандаи факултети иқтисодиёти ДДМ ба номи Ломоносов М.В. доценти кафедраи «Иқтисодиёти байналхалқии» Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сарфароз намуданд. Мақсади асосии таъсис намудани кафедра дар шуъбаҳои гуногуни донишкада ташкил намудани таълими босифати фанҳои «Назарияи иқтисодӣ», «Таърихи афкори иқтисодӣ», «Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ», «Иқтисодиёти байналхалқӣ», «Макроиқтисодиёт» ва «Микроиқтисодиёт» буд. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали фаъолияташ донишкада кафедраҳои ба замона ҷавобгуй надошт, ба ҷараёни таълим асосан устодони шинохтаи илми иқтисоди мактабҳои олии шаҳри Душанбе ба монанди академик Раҳимов Р.К., профессорон Маҳмадназарбеков М.Н., Умаров Ҳ.У., Тошев О.Т., Эшбоев А.Э., Эргашев А.Э., Дӯстбоев устодони ботаҷриба Каспаров С.Г., Кадкина Р.П., аз устодони донишкада профессорон Гулмирзоев Д.Г., Исломов С., Сафаров Н.С., дотсентон Тоҷибоев И.Т., Қандиёрова Д.А., Ҷонмамадов Ш.Б., Раҳматов Ҳ.Б., Мирбобоев Р.М., Муртазоев Н.А., Ҳамроқулов Ш.Ҳ., Одинаев К.О., Фузайлов С.Ф., Дӯстбоев, Собиров М., Шукуров Б.У., Саидмуродова М.А., Мирзошарипов М., Бегматов А.А., Солиев А.А., бо иҷозати раёсати ДМТ ҳамчун ҳамкор ва қисмате ба ҳайси кормандони штатии кафедра ба кор даъват шуда буданд.
Нахустин устодони ҷавон ва дастпарварони кафедра дар давраи таъсисёбии донишкада ва кафедра инҳо мебошанд: Султонзода Ҷ.У., Сафаров Б.Г., Хушаев Ю.И., Ашӯров Г.С, Иброҳимов И.Р., Алишоев Х.Ҳ., Саидмаҳмадова С.А., Убайдов Ф.С., Давлатов А.Ҷ., Усмонов П.Н., Эшбеков Т., Сандалов Ҳ.А., Каримов Ҳ. Убайдуллоев Ф.
 Дар баробари ин кафедра сиёсати таёр намудани мутахасисони худиро ҳамаҷониба дастгири менамуд.
Дар тайёр кардани кадрҳои иқтисодӣ ҳиссаи кафедраи  назарияи иқтисодӣ бениҳоят калон буд, заминаи илмии дигари фанҳои иқтисодиро таъмин менамуд. Кафедра дар зери роҳбарии н.и.и., дотсент Саидмуродов Л.Х. рушду нумӯъ ёфта, рӯз то рӯз  ба базаи мубоҳисавӣ ва маҳфили илмии иқтисодӣ мубаддал гашт. Дар баробари ташкил намудани факултаи «Иқтисодӣ» мавқеъи кафедраи мазкур боз ҳам мустаҳкамтар шуд.
Соли 2002 бо шартномаи якҷоя бо пажуҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ташкил карда шуд, ки дар ташкили он нақши асосиро кафедраи назарияи иқтисодӣ бозид,ва ин барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос як такони бузург бахшид.
Аввалин шуда, дар Шӯрои номбурда ректори онвақтаи ДАҲ, марҳум (рӯҳашон шод бод) Гулмирзоев Д.Г. рисолаи докторӣ ва Султонзода Ҷ.У.,рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамин тавр, минбаъд кафедра ҳамчун кафедраи базави аз манбаъҳои ассосии тайёр намудани мутахасиссони соҳаҳои гуногуни илми иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Баъдтар таҳти роҳбарии мудири кафедра Саидмуродов Л.Ҳ., аъзоёни кафедра Қандиёрова Д.О., дотцент Раҳматов Ҳ.Б., дотцент Ҷонмамадов Ш.Б., рисолаҳои докторӣ, Хушаев Ю.И.. Сафаров Б.Г., Иброҳимов И.Р., Исломов Т.С, Умаров Д.М., Шамсуллозода Ш., Бобоев М., Попов Н.А., Ҷӯраев Х., Алишоев Х.Ҳ., Давлатов А.Ҷ., Маҳмадалиев Ф.С., Убайдов Ф.С., Усмонов П., Сандалов Ҳ.А. Содиқов М., Донахонов И.С., Хайров Ш., Мутиева С.Г., Муслихова Т., Тилябов Ё., Гафуров Г.С., рисолаҳои номзадиашонро муҳокима намуда, бо роҳхати кафедра дар Шӯрои диссертационӣ номзадиашонро ҳимоя намуда, устодони арзандаи донишкада ва кормандони соҳаҳои гуногуни мамлакат гардидаанд.