Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Нақши тарбия аз нигоҳи Низомии Ганҷавӣ

Мавзӯи панду ахлоқ саросари «Хамса»-и безаволи Низомии Ганҷавиро фаро гирифтааст. Низомӣ зимни баёни масъалаҳои асосии достонҳои «Хамса» ақидаҳои дидактикии худро тарғибу ташвиқ намуда, аз боби ахлоқу ҳикмат сухан рондааст. Ӯ панд медиҳад, ки кас набояд ҷоҳилу ғофил ва танпарвар бошад. Шоир хоинию беҳунарӣ ва бухлу ҳасадро маҳкум карда, ҷавононро ба кӯшишу кор, омӯхтани илму дониш, ғанимат донистани умр, покии ахлоқ, шарму ҳаё, ҳақиқатҷӯию накукорӣ ва ғамхорӣ ба одамон тарғиб намуда, подшоҳонро ба адлу инсоф ва саховату раиятпарварӣ ҳидоят мекунад. Ин андешаҳои Низомӣ ба ҷавонон дарси дурусти зиндагӣ ва ҳаёт медиҳад. Ҷавононе, ки моҳияту мазмуни асарҳои Низомиро сарфаҳм мераванд, албатта, дар оянда кӯшиш мекунанд, ки соҳиби донишу хирад гарданд. Онҳо на танҳо худ, балки муҳитеро, ки зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо ин рафтору кирдори худ тағйир диҳанд. Худ шоир орзуманди он аст, ки мамлакат обод, халқи заҳматкаш некуаҳвол, илму дониш пешрав бошад. Мағзи достони «Махзан-ул-асрор»-ро ситоиши адл ташкил дода, тасвири ақли зан, шахсияти бузург, кордонӣ, тарбиятгарӣ ва ҳусни ӯ дар симои Ширин ва офаридани чеҳраи ҳунарманди халқӣ – Фарҳод дар «Хусрав ва Ширин» бозёфти бадеии Низомист. 
Сӯзу гудози ишқ риштаи достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро ба ҳам пайваста, Баҳроми Гурро аз он шахси сабукфикру шикордӯсти моҷароҷӯ то ба дараҷаи шоҳи одил расонда, дар «Ҳафт пайкар» масоили адлу инсоф ва халқпарварию ватанхоҳиро амиқтар тасвир мекунад. Шоир бо овардани манзараҳои дилнишин, бо нишон додани образҳои мухталиф мехоҳад, ки ба дили хонандаи худ меҳри инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанхоҳиро бедор созад. Ӯ ҳамчун тарбиятгар тавонист паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва ҳаётро ба доираи васеи ҳаводорони худ кушода диҳад. Шоир дар достонҳои худ тавонист, ки ишқро ба ахлоқ табдил диҳад. Низомӣ дар бахши аввали «Искандарнома» лашкаркашиҳои Искандарро ба Мисру Эрон, Озарбойҷону Хуросон ва Ҳиндустон тасвир карда, шуҷоату мардонагӣ ва кордониву фуқародӯстии ӯро ба қалам медиҳад. Вале дар бахши дуюми «Искандарнома», ки «Иқболнома» ном дорад, ба масъалаҳои сулҳу ҷанг, дониш ва хирад бештар аҳамият дода, дар охир аз талқини шоҳи одил ба дараҷаи тасвири кишвари бешоҳу гадо ва ҷамъияти баробарии инсонҳо мерасад. 
Вай ба фарзанди ягонаи худ - Муҳаммад, ки ҳангоми таълифи достони «Лайлӣ ва Маҷнун» 14 сола буд, насиҳат мекунад, ки 14 солагӣ на вақти ғофилию коҳилӣ ва беҳудагию бозист, балки давраи фаро гирифтани илму дониш, омӯхтани ҳунар ва худшиносӣ буда, аслу насаб ҳеҷ гоҳ бузургии касро нишон намедиҳад, қадри инсонро дараҷаи хислатҳои хуби ӯ муайян мекунанд. 
Низомии Ганҷавӣ баробари шоири тавоно будан дар илмҳои фиқҳ, калом, фалсафа, ҳикмат, ҳайат, нуҷум, риёзиёт, тиб ва ғайра низ дониши мукаммал дошт ва аз ҳама илмҳо тиб ва фиқҳро афзал медонад: 


Назм, арчи ба мартаба баланд аст, 
Он илм талаб, ки судманд аст. 
Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ, 
Мекӯш ба хештаншиносӣ. 
Мебош фақеҳи тоатандӯз, 
Аммо на фақеҳи ҳиллатомӯз. 
Мебош табиби исавиҳуш, 
Аммо на табиби одамикуш. 
Агар ҳар ду шавӣ, баланд гардӣ, 
Пеши ҳама арҷманд гардӣ. 


Шоири бузург ақида дорад, ки аз илми нокифоя ва ҳунари нотамом ҳеҷ суде нест. Бинобар ҳамин кас бояд, ки касби баргузидаашро ё дӯстдоштаашро ба ниҳояти такомули он расонад: 


Полонгарии ба ғояи х(в)ад, 
Беҳтар зи кулоҳдӯзии бад. 
Гуфтан зи ман, аз ту кор бастан, 
Бекор наметавон нишастан. 


Насиҳати Низомии Ганҷавиро ба фарзандаш чун насиҳат бо тамоми хонандагон ва ҷавонони илмомӯз пазируфтан лозим аст. Низомӣ ҳамчун муаллими ахлоқи пок, пеш аз ҳама ростӣ, ахлоқи пок, кӯшишу кор ва хизмат ба нафъи мардумро ба хонандаи худ тарғиб менамояд: 


Умр ба хушнудии дилҳо гузор, 
То зи ту хушнуд бувад Кирдигор. 
Сояи хуршедсаворон талаб, 
Ранҷи худу роҳати ёрон талаб… 
Гарм шав аз меҳру зи кин сард бош, 
Чун маҳу хуршед ҷавонмард бош. 


Шоир дар «Хамса» гоҳе аз забони қаҳрамонҳояш ва баъзан аз номи худ оид ба қадри инсон, некномӣ, хулқу одоби хуб, донишу бахшиш, покӣ, ҷуду карам, аҳду вафо, адлу дод, сулҳу сафо бо дилгармӣ мулоҳиза меронад. 
Низомии Ганҷавӣ баробари ин кибру ғурур, ғадру хиёнат, ҷаҳлу адоват, пурхӯрию коҳилӣ ва беҳунариро маҳкум менамояд. 
Хулосаю натиҷаҳои аз таҷрибаи зиндагӣ ҳосилкардаашро Низомӣ дар шакли ҳикматҳои олиҷаноб баён мекунад. Ӯ пайваста кӯшиш мекунад, ки хонанда роҳи дурусти зиндагиро интихоб карда тавонад, барои ба ин ҳадаф расидан шоир мисолҳои фаровони ҳаётро пеши назар меоварад: 


Ба ҳангоми сахтӣ машав ноумед, 
Ки абри сияҳ борад оби сафед. 


Шоир махсусан, ба тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёд дода, талаб менамояд, ки онҳо ба омӯхтани илм ва ёд гирифтани касб ҷиддӣ машғул шаванд, донишу ҳунарро аз устоди комил ёд гиранд: 


Бувад ҳар кор беустод душвор, 
Нахуст устод бояд в-он гаҳе кор. 


Донистани дараҷаи истеъдоди худ, ки аз шартҳои ҷавонмардист, барои ҷавонон зарур мебошад. Аз ин ҷиҳат, ҳар ҷавон бояд аз паи коре шавад, ки аз уҳдаи он баромада тавонад: 


То накунӣ ҷои қадам устувор, 
Пой манеҳ дар талаби ҳеҷ кор. 


Ба ақидаи Низомӣ, инсон дар интихоби касбу ҳунар ва машғулият соҳибихтиёр аст, вале нигоҳ доштани адаб, тавозуъ, фурӯтанӣ, хоксорӣ, сарбаландӣ, шарафу номус, дониши зарурӣ ва ба дигарон манфиатрасон будан барои ҳама ҳатмист. Ӯ махсусан, бо меҳнати худ рӯз гузарониданро фарз шуморида, аз ҷавонон чунин талаб менамояд: 


Ҳалоле хӯр чу бозони шикорӣ, 
Макун чун каргасон мурдорхорӣ. 


Шоир адаб ва вафо ба аҳдро ситоиш карда, ҷавононро баҳри ба ин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ сазовор гардидан даъват менамояд: 


Дасти вафо дар камари аҳд кун, 
То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун. 


Махсусан, мулоҳизаҳои Низомӣ дар бораи сухан, ҳаётро дуруст инъикос намудан ва аз дурӯғ барҳазар будани суханварон то имрӯз ҳам аҳамияти худро нигоҳ доштаанд: 


Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд, 
Навиштанрову гуфтанро нашояд… 
Сухан бисёр дорӣ, андаке кун, 
Якеро сад макун, садро яке кун… 
Агарчи дар сухан, к-оби ҳаёт аст, 
Бувад ҷоиз ҳар он-ч аз мумкинот аст. 
Чу битвон ростиро дарҷ кардан, 
Дурӯғеро чӣ бояд харҷ кардан. 
Зи камгӯӣ суханро қадр кам гашт, 
Касе к-ӯ ростгӯ шуд, муҳташам гашт. 




М.Раҳмонов, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ
Г.Маҳмадшарифова, ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ