Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Фазилати омӯзиши илм

Пешравии ҳар як ҷомеа аз маърифатнокии аҳли он вобастагии калон дорад. Миллати тоҷик аз қадим ҳамчун халқи созанда, фарҳангофар, инсонпарвар ва илмдӯст шинохта шудааст. Ин аст, ки бисёр олимони ҷаҳон инро эътироф кардаанд. Шахси маърифатнок касеро гӯянд, ки ӯ ҳам дониш дорад ва ҳам ахлоқу одоб. Сабаби асосии рушди Аврупо дар он аст, ки илм дар асрҳои XVI-XVII ҳамчун ниҳоди ҷомеа барпо гардида буд. Дар он давра дар бораи илм сухан гуфтан одати ҳатмӣ шуда буд. Аврупоиён ҳангоми суҳбат бо ҳамдигар, албатта, дар бораи навигариҳо, кашфиёт ва ихтирооти илмӣ ҳарф мезаданд, ки ин маънои маърифатнок будани шахсро дошт, яъне худро ба ҳамдигар ба ин тавр муаррифӣ мекарданд. Дар он замон дар саросари Аврупо сохтани мактабҳои олӣ ва корхонаҳои саноатӣ ривоҷ ёфт. Аз ин рӯ, ҷараёни рушди Аврупо бениҳоят суръати баланд гирифт. Асосгузори назарияи илмии замони нав олими англис Френсис Бекон гуфтааст: «Дониш қувва аст». 
Ин ақидаро ҳакими Тӯс Фирдавсии бузург 1000 сол пеш чунин баён кардааст: 


Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, 
Ба дониш дили пир барно бувад. 


Бесабаб нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф аҳамияти зиёде медиҳад. Сохтани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Дар ҳар як баромадашон Пешвои миллат рӯй ба ҷавонон оварда, таъкид менамоянд, ки илм омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, касбу ҳунар ёд гиранд, осори гаронбаҳои бузургонамонро ҳифз намуда, самаранок истифода баранд. Ин насиҳату андарзҳои хирадмандонаи Пешвои миллат барои беҳбудии ҳам худи ҷавонон ва, дар маҷмӯъ, ба ҳамаи ниҳодҳои ҷомеа низ муфид аст. Омода кардани мутахассисони соҳибкасб бе донистани забонҳои хориҷӣ номумкин аст. Навигариҳои илми муосир бештар тавассути забонҳои хориҷӣ фаҳмида мешаванд. Бинобар ин ба ҳар як толибилм донистану аз худ кардани забонҳои хориҷӣ зарур аст. 
Лозим ба ёдоварист, ки аз нуқтаи назари дини Ислом низ илм муқаддас ва ибодат аст, яъне аҷру савоби зиёд дорад. Паёмбари Ислом Муҳаммад (дуруд ва саломи Худо ба ӯ ва ба аҳли хонадонаш) фармудааст, ки омӯзиши илм ба марду зани мусалмон фарз аст. Дар як ҳадиси дигар фармудаанд: «Агар илм дар Чин бошад, пас онро аз худ кунед». Аз мазмуни ҳадис бармеояд, ки мурод аз илмҳои тафсир, ҳадис ё фиқҳ нест, балки манзур аз илмҳои дақиқ аст. Ё дар ҳадиси дигаре овардаанд: «Аз гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯй». 
Инсони маърифатнок соҳиби обрӯю эҳтиром буда, намунаи ибрати аҳли ҷомеа мебошад. Шахси бомаърифат ба шарофати илм барои худ ва дигарон равшаннамо дар торикӣ аст, ки дар ин бора устод Рӯдакӣ фармудааст. 


Дониш андар дил чароғи равшан аст 
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. 


Шахси доною ҳунарманд дар ҳар давру замон мартабааш ва мақомаш дар ҷомеа баланд аст. Падари ҳикмат Суқроти ҳаким фармудааст: «Хеҷ ганҷе беҳ аз ҳунар нест ва ҳеҷ душман бартар аз хӯи бад нест ва ҳеҷ чизе бузургтар аз дониш нест ва ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм нест». 
Донишомӯзӣ роҳи саҳлу осон нест, дар ин ҷода кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд бояд варзид. Зеро танҳо дар натиҷаи меҳнати маънавӣ илму маърифатро метавон рушд дод ва ба даст овард. Ҷавонони мо имрӯз, хушбахтона, берун аз кишвар дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, ки чунин ҷавонон ифтихори миллату ватан ва барои дигарон намунаю ибратанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонон ба беҳудагардӣ ва ба дигар корҳои зишт машғул мешаванд. Бояд донишҷӯёни мо бештар дар китобхонаҳо ва толорҳои варзишӣ вақти худро гузаронанд ва аз суҳбати ҳар хел ҷоҳилону беадабону нодонҳо дур шаванд. 
Илму маърифат ба ҳамаи афроди ҷомеа зарур аст. Дилхоҳ шахс бояд ба илму ҳунаромӯзӣ рағбати зиёд дошта бошад. Ҳарчанд илм зиёд омӯзӣ, ҳамон қадар кам аст. Бинобар ин дар омӯхтани илм толибилм бояд ҳарис бошад, то ки аз илм сер нагардад. Илм як баҳри беканор аст. 
Дар хулоса, гуфтаниям, ки ҷавонони мо бештар ба илму ҳунар таваҷҷуҳ намоянд, то ки дар ин роҳ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гарданд. Барои ин ҳамаи шароит муҳайё аст. Ба таърихи чандинҳазорсолаи худ нигариста, ҳар як ҷавони тоҷик барои комёб шудан ба қуллаҳои баланди илмӣ бояд аз худ боварии комил дошта бошад ва ба худ ҳамеша гӯяд, ки мо аз уҳда ва масъулияти он мебароем. Зеро мо инро метавонем! 


Абдулваҳҳоб Шарипов, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ