Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Ваҳдат ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ

Бо ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ амали ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корбурди мафҳумҳои нав комилан бою рангин гардид, ки дар қатори онҳо калимаҳои «ваҳдат» ва «ҳамгироӣ» аз истифодаи васеъ бархӯрдоранд. 
Ваҳдат як ҷузъи муҳим ва ногусастании фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик мебошад. Раванди дар ҷисми фарҳангию ҳаёти иҷтимоии мардуми ин сарзамин ҷой гирифтани ин падидаи нодир, пайроҳаи пурпечутобро тай карда, баҳри шаклгирии фарҳанги умумӣ ва ташаккули худи тоҷикон ба сифати халқияти ягона дар заминаи умумияти бохтариёну суғдиён саҳми арзанда гузоштааст. Чунин арзишҳои ваҳдатсоз дар ҷисми фарҳангии мардуми тоҷик дар заминаи диди фалсафии ӯ ба олам, робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи он, аз ҷумла инсонҳои алоҳида, ки дар мисраи безаволи Саъдӣ ҳамчун «Бани одам аъзои якдигаранд…» хулоса шудааст, таҷассум ёфта будаанд. Аз ин рӯ, табиист, ки имрӯз дар даврони касби истиқлолияти сиёсии кишварамон хотираи таърихи миллати куҳанбунёдамон ба ин падидаи нодири фарҳангию иҷтимоӣ, яъне ваҳдат арҷу эҳтироми беандоза мегузорад ва онро дар масири инкишофи минбаъдаи худ низ нигоҳ хоҳад дошт. 
Агар аз ин фарози қисмати иҷтимоӣ ба таърихи тайнамудаи тоҷикон назар андозем, ба осонӣ мебинем, ки кору пайкор ва амалҳои хастанопазир онро аз чашидани шаҳди саодати неъмати безавол бенасиб нагардонида будааст. Балки дар баробари ташаккулу таҳаввули хеш мардуми мо ба умумиятҳои дигари ҳампаҳлуву ҳамниҳодонаш андохтани таҷрибаи татбиқи онро ба хотири идомаи ҳаёти иҷтимоиашон дареғ надоштааст. Дар як зинаи ташаккули хеш тоҷикон сарҳади тамоюли ваҳдатгароии худро вусъат бахшида, ба эъмори пойдевори умумиятҳои мураккаб шарафёб мегаштанд. Яъне, тавассути чунин тамоюли ваҳдатгароӣ тоҷикон сареътар аз дигар мардумон доираи ҳамгароии худро аз марзи ҳувияти авлодию қавмӣ фаротар бурда, дар шакли халқияти миллати таърихӣ ташаккул ёфтаанд. Минбаъд дар заминаи ҳарчи бештар вусъат бахшидани доираи тамоюли ваҳдатгароии хеш мардуми мо тавонистанд муттаҳидшавиашонро дар шакли умумиятҳои бузургтар аз оилаю авлод, яъне халқияту миллати мустақил таъмин намоянд. Мусалламан, инро метавон воқеан як ҷаҳиши беназири иҷтимоӣ дар таърихи ташаккули миллати тоҷик арзёбӣ намуд, ки омӯзишу дарки назариявии он метавонад муҳтавои донишҳои моро дар бораи ҳодисаҳои дар ҳаёти ҷомеаҳо баамалёбанда амиқтар ва аксуламали моро нисбат ба онҳо муносибу санҷидатар гардонад. 
Агар ба ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар масири таърих назар андозем, мебинем, ки муҳтавои он бо дигаргун шудани доираи ҷаҳонбинӣ ва сифати низоми иҷтимоӣ ҳамеша дар таҳаввул будааст. Агар аз ин мавқеъ ба истиқрори ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанаш назар андозем, мебинем, ки онро пайваста ду раванди ба ҳам алоқаманд пайгирӣ менамуданд. Таъкид бояд кард, ки ин имтиҳоне барои нишон додани неруи созандагии мафкураи ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи навини мо буд. Яке аз онҳо ин раванди асосноккунии амалии имконияти дарёфти роҳи ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти сиёсии баамаломада, зарурати таъмини тартиботи иҷтимоӣ ва дигаре ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи ҳамгироии босуботи тамоми қишрҳо ва минтақаҳои мамлакат буданд. Таҷрибаи дар ин равандҳо андухтаи ҷомеаи мо собит намуд, ки мо инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини суботи сиёсиро дар сурати ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми кишрҳои аҳолӣ ва бо манфиати умумимиллӣ созгор намудани онҳо метавонем ноил гардем. Ҳарчанд ҷараёни таъмини ин ҳадафҳо вобаста ба давраи муайяни инкишофи ҷомеаи мо равшан аст, вале алҳол зарурати дарки таҳкими бештари ин падидаи нодир дар таъмини инкишофи минбаъдаи ҷомеаи мо дар сафи пеш қарор дорад. 
Агар ба ҳадафу муҳтавои сиёсати пешгирифтаи иҷтимоию иқтисодии кишварамон назар андозем, мебинем, ки онҳо усулан ба таҳкиму устувории ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд. Шоҳиди ин қазовати мо барномаи тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва бунёди пойгоҳҳои обӣ барои таъмини истиқлолияти энергетикии он аст. Татбиқи амалии ин барномаҳо ба мақсади устувор намудани ваҳдат дар тамоми манотиқи Тоҷикистон, пайванди риштаҳои гусастаи робитаҳоро дар байни мардуми кишвар дорад. Амалишавии ин барномаҳо аз лиҳози сиёсӣ имконият медиҳад, ки яке аз ҷузъҳои муҳимми ҳастии миллат, яъне таъмини умумияти ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии он бомуваффақият ҷомаи амал пӯшад. Ин, дар навбати худ, ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бароварда, ваҳдати кулли сокинони Тоҷикистонро ҳамчун кафили рушди устувори кишвар таблиғ менамояд. 
Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллӣ барои афроди кишвар ин маънои худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк карда, ҳифзи онро вазифаи заруртарини худ ва тамоми ҷомеа дониста, дар роҳи татбиқи манфиатҳои миллӣ саъй кардан аст. Мусаллам аст, ки чунин эҳсос бояд дар замири ҳар як сокини мамлакат новобаста аз мансубияти минтақавию қавмиашон ҷойгир бошад ва барои ташаккули ифтихори миллӣ ва ватандории онҳо мусоидат намояд. Намунаи барҷастаи ташаккулёбии чунин эҳсосу ҳувияти ватанпарастии онҳо аз иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тақдирсоз, дар мавриди ҳалли таъмини истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон зоҳир гашт. Дар ин ҷараён ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки тамоми аҳолии мамлакат, новобаста аз мансубияти этникиашон якдилона аз иқдоми созандагии Сарвари худ бо самимияти ватанпарастона пуштибонӣ намуданд. Барои дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди ташаккули ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун умумияти этникие, ки дар эъмори пойдевори давлати Тоҷикистон саҳмгузоранд, мардуми кишвар бояд дар заминаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ барои ташаккули ифтихори ватандории ҳамаи сокинони кишвар, новобаста аз мансубияти этникӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.


Тоҷинисо Турсунова, н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ