Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Бадхоҳии клерикалистони ТТЭ ҲНИТ-ро маҳкум менамоем

Дар сомонаи иҷтимоии Востокнюс маводи яке аз бадхоҳони миллати тоҷик Сидиқи Акбар зери унвони «Тарвиҷи фасод ва рақсу шаҳвонӣ, давоми муборизаҳои режими Раҳмон бар зидди Ислом» рӯи нашр омадааст. 
Навиштаи мазкур пурра таҳқири миллати тоҷик ва Пешвои муаззами ин миллатро, ки ҳастии худро барои беҳбудии рӯзгори мардум дареғ надошта, кишварро аз тазодҳои нангини ҷангҳои таҳмилӣ берун оварда, ба як ҷумҳурии аз лиҳози иқтисодӣ дар ҳоли рушди босуръат қарор додаанд, фаро гирифтааст. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадоронест, ки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ Исломро арзиши олии эътиқодӣ дониста, аз номи Ислом баромад намудани гурӯҳҳои иртиҷоиву ифротиро хирадситезиву бемасъулиятӣ унвон менамоянд. Пешвои миллат борҳо дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ баён доштанд, ки ҳеҷ гуна зуҳуроти номатлуби даҳшатафзо ба Ислом рабте надорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд амалҳои нанговару хусусияти экстремистиву террористидоштаро ба арзишҳои дини Ислом пайваст бидонанд. 
Ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати эълон намудани соли бузургдошти Имоми Аъзам намунаи олии арҷгузорӣ ба равишҳои эътиқодӣ маҳсуб меёбад. Президенти кишвари мо дар тамоми даврони ҳукуматдориашон амалан аз арзишҳои дини Ислом пуштибонӣ намуда, намегузоранд, ки он зери тозиёнаи танқид ва ё василаи расидан ба мақсадҳои аҳриманонаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ бошад. Аммо имрӯз нотавонбинони миллати мо, ки зархаридони хоҷаҳо гардидаанд, бо роҳи раво донистани туҳмату буҳтонҳои ноҷавонмардонаашон ба кишвару роҳбари мо дар зери парчами Ислом мехоҳанд манфиатҳои муғризонаи худро амалӣ созанд. 
Онҳо бо ҳамон дидгоҳи хирадситезонаи худ, ки меҳвари аслияшро буғзу кина, фитнаву адоват, истисмори равониву зеҳнӣ, маънавию фарҳангӣ ва фитрии мардум дар бар мегирад, мехоҳанд як дидгоҳи клерикалистии бунёдсӯзро ба миён оваранд. 
Туҳмату буҳтон ва таҳқироти ноҷавонмардонаи ин афрод намунаи бадтарин ва нангинтарин хиёнат ба миллати хеш мебошад.
Ин нуктаро бояд таъкид созем, ки Ҳукумати кишвари мо бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ ва ҳифзи осоиштагии сокинони кишварамон чораандешӣ намуда, баҳри пешгирии наврасону ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротиву иртиҷоидошта тадбирҳои муассиру саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ идомаи мантиқии ҳамин сиёсат аст, ки ба манфиати давлату миллати тоҷик мебошад. Аммо онҳое, ки чунин навиштаҳои иғвобарангезу фитнаҷӯёнаро менависанд, ҳамагӣ ҳадафашон як чиз аст. Сиёсикунонии арзишҳои эътиқодӣ ва ба ин васила баланд бурдани кинаву адовати динӣ дар ҷомеа. Сидиқи Акрам ва роҳбарони иғвобарангезу зархариди ӯ мехоҳанд ба эҳсосоти эътиқодии мардум даст ёбанд, то ҳадафҳои хиёнатпешаи худро, ки саҳнасозии хоҷаҳои хориҷиашон мебошанд, дар Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон нашри чунин навиштаи иғвобарангезу фитнаҷӯёнаро маҳкум намуда, даъват менамояд, ки барои баҳодиҳӣ намудан ба амалҳои Ҳукумати кишвар аз нигоҳи манфиатҳои милливу давлатии Тоҷикистон назардӯзӣ карда шавад, на аз нуқтаи назари фитнаҷӯёнаву бадхоҳонаи нотавонбинони миллату давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд.