Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Терроризм - шакли манфуртарини ифротгароӣ

Масъалаи мубориза бо терроризм ва ба ҳаракатҳои ифротӣ рӯ овардани одамон ва махсусан, ҷавонон дар маркази диққати роҳбарони мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Чунин муносибат дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар шароити имрӯза терроризм ва амалҳои террористӣ ба ҳодиса ва раванди мудҳиштарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, батадриҷ меафзоянд. Терроризм ҳамчун ҳаракати иртиҷоӣ хосияти умумӣ пайдо намуда, мамлакатҳои гуногунро ба таври саросарӣ фаро гирифтааст. Фақат дар соли 2014 дар олам 32,6 ҳазор одам қурбони амалҳои террористӣ гаштаанд. Ташкилотҳои гуногуни террористӣ ташаккул ёфтаанд, ки ба таври мунтазам ва доимӣ ба куштори одамон машғул гардидаанд. Фақат дар соли 2014 ташкилоти нигерии «Боко Ҳарам» 6644 нафар ва «Давлати исломӣ» 6073 нафарро қурбони дасисаҳои худ гардонидаанд. Аз ин ҷост, ки тамоми зуҳуроти экстремизми сиёсӣ ва махсусан, шакли радикалию мудҳиштарини он - терроризм ба масъалаи рӯзмараи тадқиқотӣ ва таҳдиди №1-и ҷаҳонӣ гардидааст. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии гаравидани мардум, махсусан ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ на ҷанбаи моддӣ, балки бештар ҷанбаи маънавӣ дорад. Дар ин доира, паст будани маърифати динӣ ҳамчун яке аз сабабҳои асосӣ баромад мекунад. Зеро ягон дине вуҷуд надорад, ки дар он арзишҳои волои инсонӣ - сулҳу оштӣ, амният, адолат, сулҳдӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ғайра арзишҳои ахлоқӣ вуҷуд надошта бошад ва ё дар ҷойи аввал қарор нагирифта бошад. Ҷаҳони муосир бо як қатор таҳдидҳои наве рӯ ба рӯ шудааст, ки амалан мехоҳанд онро аз рӯи мансубияти мардум ба дину мазҳабҳо ва умумиятҳои миллию этникӣ ҷудо намоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дин неруи бузурги созанда аст ва таблиғу ташвиқ кардани ақоиди экстремистӣ кадом оқибатҳоро метавонад ба миён оварад. Терроризм ба ягон дин алоқаи бевоситае надошта, душмани тамоми халқу миллатҳо, мазҳабу оинҳо ва тамаддуни инсонӣ мебошад. 
Бояд қайд кард, ки ҳар як амали манфур аз майнаи манфур бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният ё ба ақидаи муҳаққиқи рус Болтунов М - Терроризм нафратест ва ин нафрати инсон ба инсон ва ба башарият мебошад. 
Ҷанбаи дигар паст будани дониши ҳуқуқӣ аст. Аксар вақт ҷавонони ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, рафтори худро боадолатона мешуморанд ва ҳатто тасаввур карда наметавонанд, ки чунин рафтор онҳоро аз кадом ҳуқуқҳо маҳрум мекунад. Таҳлили ҳуқуқии рафтори онҳо нишон медиҳад, ки ин рафтор на адолатпарварона аст, балки ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон равона шудааст. Барои пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ фаъолиятро дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо ҷоннок намудан лозим аст. Дар ин замина, зарур аст, ки фаҳмиши моҳияти дин аз таассуб тоза карда шуда, моҳияти адолат ва адолатпарварӣ аз мавқеи қонун ва дар заминаи давлати ҳуқуқбунёд ба ҷавонон фаҳмонида шавад. 
Дар назди инсоният дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза бар зидди терроризм - шакли манфуртарини ифротгароӣ ба миён омадааст. Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳарчи зудтар аз ин зуҳуроти манфур наҷот ёбанд. Ҳоло мубориза бар зидди терроризм дар сатҳ ва шаклҳои гуногун ба амал меояд. Яке аз шаклҳои маъмули он амалиёти мусаллаҳона мебошад. Моддаи 51-уми Оинномаи СММ, ки ба кишварҳо ҳуқуқи худмудофиа медиҳад, имконияти амалӣ намудани амалиёти мусаллаҳонаро бар зидди терроризм муҳайё менамояд. Давлатҳои муқтадир борҳо аз ин ҳолат истифода намудаанд, вале муроде ҳосил нагаштааст. Бомбаборон намудани Триполӣ, ҷанг бар муқобили Усома бини Лодан ва пайравонаш дар Афғонистон аз он шаҳодат медиҳанд. Мақсад аз истифодаи неруҳои мусаллаҳ нобуд сохтани терроризм аст. Аммо чуноне ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад истифодаи зӯрӣ амали самарабахш нест. Вале зӯрӣ аз рӯи зарурат истифода мегардад. 
Муборизаи зидди терроризм бояд мушаххасан ва мақсаднок сурат бигирад ва манфиатҳои умумибашарӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Ин мубориза фақат бо нобуд сохтани ташкилоти террористие ба охир намерасад. Бояд сабабҳо ва заминаҳои мухталифи ташаккулу инкишофи ин зуҳуроти иртиҷоӣ ҳамаҷониба дарк карда шаванд. Ва роҳу воситаҳои беҳтари мубориза дарёфт гарданд. Ба зӯрӣ тавассути зӯрӣ ҷавоб додан чандон самараи хуб намедиҳад. Сиёсати комиле зарур аст, ки манбаъҳои зӯрӣ, фишороварӣ ва маҷбуркуниро рафъ намояд. Симои ҳақиқии ифротиёнро нишон диҳад ва афкори умумро дар шикасти онҳо истифода барад. 
Яке аз роҳҳои босамари пешгирӣ аз терроризм ва амалҳои террористӣ бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фарҳанги сиёсии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Сатҳи нокифояи худшиносии миллӣ инсонро фирефтаи иҷрои амалҳои ношоиста мегардонад. 
Гурӯҳҳои гуногун ва давлатҳои алоҳида маҳз ҳамин нуқтаи заъфи инсонҳоро пайдо карда, онҳоро ба доми худ медароранд. 


Иқбол Ҷобиров, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ