Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

ДМИТ маҳкум мекунад!

ТЭТ ХНИТ ҳаррӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сӯи ватани азизамон Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ кишвару ҳукумати моро дар назари хориҷиҳо таъна ва маломат карда худро бечораву нотавон нишон медиҳад. Ин афрод дар кишварҳои Аврупо, ба монанди Литва дар мизи мудаввар ширкат намуда, сиёсати Тоҷикистонро зери танқид қарор дода истодаанд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Литва муносибати дӯстона дорад. Робитаи мо бо ин кишвар ва умуман бо тамоми кишварҳои дунё хуб аст. ҲНИТ ташкилоти экстремистӣ-террористӣ буда, барои расидан ба ҳадафҳои нопокаш ба ҳар кор қодир мебошад. Ин ҳизби ифротӣ танҳо паногоҳи худро дар кишварҳои аврупоӣ меҷӯяд ва бояд фаъолияташ аз тарафи кишварҳои бо мо дӯст хуб шинохта шавад, ки онро Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эълон намудааст. 
Бояд фаромӯш нашавад, ки як маротиба мардуми шарифи Тоҷикистон ба доми фиреби чунин афрод афтида, то ҳанӯз машаққати онро мекашанд. Ҳамватанонамон шоҳиди он давронанд, ки барои мақсадҳои нопоки чанд тан аз ин хиёнаткорҳо тамоми иқтисоди кишварамон ба хок яксон гашта, мардуми бегуноҳ кушта ва аз ватан берун шуда, номи гурезаро гирифта буданд. Пас бояд аз тарафи тамоми кишварҳои бо мо дӯст ба Тоҷикистон эҳтиром гузошта шавад, ки дорои Конститутсия ва сиёсати дохиливу хориҷии хеш мебошад. 
Имрӯзҳо, чи тавре, ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ватани маҳбубамон Тоҷикистон ба ҳадафҳои гузоштааш наздик шуда истода, ҳар сол навгониҳои муҳим дар бахши саноату иқтисод ба вуҷуд омада, шароити моро хуб карда истодааст. Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат созанда буда, тамоми мардум дар зери ин ҳадафҳо муттаҳид ва ҳама барои амалӣ шудани ин арзишҳо бо боварӣ азм ва саъйю кӯшиш менамоянд. Пиру барно, алалхусус ҷавонон ва умуман, ҳамаи қишри ҷомеа дар фазои сулҳу ваҳдат кишвари ҷоноҷонамонро обод карда истодааст. Имрӯз бошад, кишвару миллати мо зери роҳбарии Пешвои муаззамаш рӯ ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. 
ТЭТ ҲНИТ ҳанӯз аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон шуда, роҳбарон ва аъзоёни он аз тарафи ИНТЕРПОЛ мавриди ҷӯстуҷу қарор дорад. 
Ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудавваре, ки дар Литва баргузор гаштааст ва сиёсати моро мавриди танқид қарор додааст, маҳкум намуда, ТЭТ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти иғвогар меномад.