Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Рушди низоми молиявӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи сарчашмаҳои таърихию илмӣ, низоми молиявӣ ҳамчун низоми махсуси муносибатҳои иқтисодӣ ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиҳову Кушониён, Ашкониёну Сосониён ва Сомониён ташкил ва рушд ёфта, барои тақсимот ва азнавтақсимкунии захираҳои молию пулӣ, бо мақсади таъмини ниёзи аҳолӣ ва давлат, хизмат кардааст. Усули марказонидашудаву мураттаби мубодилаи молию пулӣ дар қаламрави сулолаҳои ориёӣ қатъӣ риоя мешуд, ки баъдтар дар аҳди Сомониён бо диду корбурди нави давлатдорӣ, такя ба анъаноти идораи пешинаи онҳо такмил дода шуда, идома ёфтааст. Инчунин роҳҳо ва усулҳои пешқадами ситонидани боҷу хироҷ, ба иҷора додани амволи давлатӣ ва андозу андозбандӣ, муомилоти молию пулӣ амал мекарданд, ки бо мурури замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтаанд. 
Баъдтар, низоми молиявӣ дар тӯли таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷик боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта, аз нигоҳи ҳуқуқию иқтисодӣ ҷиддан мукаммал гардид. Дар даврони Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ бо сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рушд ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Қайд кардан зарур аст, ки шакл ва сохтори низоми идоракунии мазкур, ки дар муҳити Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият менамуд, ба талабот, мақсад ва вазифаҳои гузошташуда ва ҳамгироии молияи давлатӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мувофиқат намекард. Сохтори низоми идоракунии молиявии он давр ба талабот ва вазифаҳои асосии амалкардаи он мусоидат накарда, дар бисёр мавридҳо садди рушди иқтисодиёти кишвар гардида буд. 
Ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сохтори низоми молиявии кишвар куллан тағйир ёфта, муносибатҳои нави молиявӣ, пеш аз ҳама, идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи муътадили маблағгузории буҷет, ташкили бозори коғазҳои қиматнок ва ғайраҳо равиши навро дар ин низом ба миён оварданд. Инчунин таҳия, баррасӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, тартиби маблағгузорӣ ва танзими истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ низ дигар шуда, низоми молиявӣ дар кишвар ба як низоми устувори идоракунии молияи давлатӣ мубаддал гашт. 
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идоракунии устувори молияи давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ ва асъории кишвар мебошад. Бо роҳи гузаронидани сиёсати оқилонаи андозу буҷет мувозинати буҷет таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83,1 фоизи соли 1999 то 72,4 фоиз дар соли 2003, 45 фоиз дар соли 2010, 31,2 фоиз дар соли 2016 расонида шуд. Дар назар аст, ки дар соли 2020 ин рақам то 20 фоиз коҳиш дода мешавад. 
Аз ҷониби дигар, тайи даҳ соли охир ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 11,2 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва дар соли 2017 ба 19,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки он 35,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Агар соли 2000-ум ҳаҷми умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 105,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода бошад, баъди кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2016 он ба 35,9 фоиз расид. 
Солҳои охир иҷроиши нақшаи буҷети давлатӣ новобаста аз хусусиятҳои иҷтимоӣ доштан характери мусбӣ, яъне маблағгузории рушди иқтисоди воқеӣ ва сармоягузории асосиро касб намудааст, ки дар панҷ соли охир маблағгузорӣ ба ин мақсад зиёда аз 25%-и хаҷми умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. 
Яке аз унсурҳои асосии ислоҳоти идоракунии низоми молиявӣ дар ҷумҳурӣ ин ташкили низоми иттилоотии равандҳои муомилоти молию пулӣ ва хазинадории буҷет, ҷорӣ намудани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, стандартҳои муҳосибот ва нақшаи якхелаи суратҳисобҳо мебошад. Тавассути ин раванд таъсиси КВД «Маркази дастгирии амалиёти молиявии байнибуҷетӣ», таъмини он бо таҷҳизоту технологияҳои пешқадами муосир ва мутахассисони сатҳи баланди касбӣ шомил мебошад, ки татбиқи ниҳоии босифату саривақти қисматҳои автоматикунонии стратегияи мазкур то соли 2018 пешбинӣ шуда, пурра амалӣ гардидани он иштироки шахсони мансабдорро дар амалиёти молиявии гуногун, пеш аз ҳама, дар низоми хазинадорӣ ҳамчун омили коррупсионӣ маҳдуд менамояд. Бар замми ин, бо супориши Ҳукумати кишвар Шабакаи ягонаи электронӣ-иттилоотӣ байни Вазорати молияи ҶТ, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ки фаъолияти низоми хазинадорӣ, андозу буҷет ва умуман идоракунии самараноки молияи давлатиро таъмин менамоянд, ташкил карда шудааст. 
Умуман, низоми идоракунии молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самаранокии сиёсати молиявӣ, аз он ҷумла сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд. 
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи устодону ҳамкорони азиз, мутахассисони вазорату идораҳои марбути низоми молиявӣ ва мутахассисони соҳаи молияро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои молиявии кишвар, баланд бардоштани маърифати молиявии мардум ва тадқиқоти илмии соҳаи мазкур комёбиҳо орзумандам. 


Эмомалӣ Шералиев, декани факултети молия ва қарз