Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Парчам - рамзи давлатдорӣ

Парчам аз даврони хело қадим ҳамчун рамзи давлату давлатдории тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Ба ривоятҳое нахустин парчамдории миллати мо ин Коваи оҳангар буда, миёнбанди чармини худро ба найзае барафрохта, назди шоҳ Фаридун омада, мардумро бар муқобили Заҳҳоки морон бармехезонид, барои барҳам задани пояи зулму ситам ва бедодгарӣ барои озодӣ ва истиқлолият мубориза бурдааст. 
Таърихи кунунии кишварамонро нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳқиқи он руҷӯъ намоем, бо касби истиқлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истиқлолият ин сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшид. Баъди ноил гардидани Тоҷикистон ба истиқлолияти давлатӣ миллати моро зарур буд, ки унсурҳои давлатдории худро дошта бошем, аз қабили рамзҳои давлатӣ. Аз ҷумла, дар моддаи 18-и Эъломияи истиқлолият аз 24 августи соли 1990 пешбинӣ шуда буд: “Нишони миллӣ, байрақ ва суруди миллӣ рамзҳои истиқлолияти Тоҷикистон мебошанд, муқаддас ва дахлнопазир будани онҳоро қонун кафолат медиҳад”. 
Баъди эълон гардидани истиқлолият барои тасдиқи ин рамзҳои давлатӣ озмуни тарҳи беҳтарини рамзҳои давлатӣ эълон карда шуд. Ҷамъбасти натиҷаи озмун ба саршавии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва тасдиқи рамзҳои давлатӣ ба кори иҷлосия вогузор карда шуд. Ҳамин тариқ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ки аз 16-уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Урунхуҷаев баргузор гардид, фарогири 24 масъала буд, ки яке аз он масъалаҳо тасдиқи рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб мерафт. 
Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ 24 ноябр тасдиқ карда шуд, ки ҳолати ҳуқуқии ин рамзҳои давлатӣ тавассути низомномаҳои махсус ба танзим дароварда мешуд. Баъдан соли 1994 дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи алоҳида пешбинӣ карда шуд: «Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ мебошад». Гарчанде рамзҳои давлатӣ вуҷуд доштанд, аммо масъалаи танзими ҳуқуқии онҳо оммафаҳм, дастрас ва мутамарказ набуд, аз ин рӯ, парлумони кишвар 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ”-ро ба тасвиб расонид. Қонуни мазкур тартиби истифодаи рамзҳои давлатӣ (Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ)-ро муқаррар кард. 
Соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ ба Парлумон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” эълон доштани Рӯзи парчам, ки 24 ноябри соли 1992 тасдиқ шудааст, лоиҳои қонунро пешниҳод намуданд. Ҳамин тариқ, ҳамасола, дар саросари кишвар ин сана бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. 
Эҳтироми рамзҳои давлатӣ вазифаи ҳар як шахс ва рисолати шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, дар акси ҳол, қонунгузорӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ ҷавобгарӣ муқаррар кардааст. Аз ҷумла, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи алоҳида нишон дода шудааст: “Риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин кардааст”. 
Зиёда аз ин, қонуни ҷиноятӣ низ барои беэҳтиромӣ ва таҳқир нисбат ба рамзҳои давлатӣ низ ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар кардааст. Аз ҷумла, дар моддаи алоҳида нишон дода шудааст, ки барои таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як сол ҷазо муқаррар карда шудааст. Эътироф намудани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он аст. Аз таҷрибаи давлатдории кулли кишварҳои олам маълум аст, ки мардумони тамоми дунё муҳаббати хешро ба ватан маҳз тавассути рамзҳои он, аз ҷумла Парчам ифода мекунанд. 


Абдураҳмони Баҳром 
ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ