Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Конститутсия-арзиши гаронбаҳои миллат

Бисту се сол муқаддам рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи мардуми  моро муайян намуд.
Боиси ёдоварист, ки се соли нахустини зиндагӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ, яъне солҳои 1991-1994 солҳои пурошӯб ва давраи ҷустуҷӯи ҷавоби мушаххас ба саволҳое буданд, ки мо ба чӣ гуна сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ эҳтиёҷ дорем, ояндаи ҷомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсӣ ва арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ дидан мехоҳем, ормонҳои миллии дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаамонро бо кадом роҳу равиш амалӣ менамоем. Дар ин муддат, яъне баъди ба даст овардани истиқлолият баъзе доираҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ бо истифода аз гурӯҳҳои муайяни бегонапараст мардуми моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карданд.
Бо вуҷуди ин, дар давоми се соли ниҳоят сангин ва заҳмату талошҳои пайгирона бо иштироки бевоситаи худи мардуми кишвар Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон таҳия, муҳокима ва қабул гардид. Ва мардуми мо бо қабули нахустин Конститутсияи худ ба ҳамаи саволҳои гузошташуда ҷавоби дақиқ пайдо карда, роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро пеш гирифт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯи манфиатҳои онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷузъ аз хизмат ба мардум ва амалисозии ормонҳои онҳо дигар мақсаде надорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як пешрафти бадастомада, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст. Зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар давлат мебошад. Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ эҳтиром мекунанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд. 
Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисону коршиносони маъруфи як қатор кишварҳои ҷаҳон баланд арзёбӣ гардид, ки қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд. Аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.
Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам овард.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Моҳияти демократии Конститутсияи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, дар эътироф гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Бахши муфассали он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таҳти танзим қарор додааст, аввалин маротиба дар таърихи кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф намудааст.
Ҳамчун натиҷаи татбиқи муқаррароти ин санади муътабари миллат 26 сентябри соли 1999 аввалин маротиба, 22 июни соли 2003 маротибаи дуюм ва 22 майи соли 2016 маротибаи сеюм ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо мазмуну муҳтавои Конститутсияро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшиданд. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ҳар гуна ҷомеа, махсусан ҷомеаи рӯ ба инкишоф доимо дар ҳолати тағйиру дигаргуниҳои куллӣ қарор дорад ва ҷомеаи мо низ аз ин қонунмандии иҷтимоӣ истисно нест. Бо дарназардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад.
Дар натиҷаи се ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд.
Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.
Конститутсия мазмуни демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад, ки барои пурра татбиқ шудани ин мафҳуму арзишҳо ба сифати ормонҳои мардуми мо вақту замони муайян зарур аст. Татбиқи меъёрҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ба пешрафти ҳаёти ҷомеа, иҷрои барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ, хулоса, ба шароиту имкониятҳо ва ба сатҳи пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар вобаста мебошад. 
Қонуни асосӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эълон намуда, мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад. Ин чунин маънӣ дорад, ки қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд, инчунин ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор бояд дар фаъолияти худ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба роҳбарӣ гирифта, набояд амале мухолифи он содир намоянд. 
Конститутсияи Тоҷикистон, инчунин як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳалли зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст, ки ин ҳам ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад. Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат медиҳад. 
Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки дар ҷомеаи озод ва давлати демократӣ ҳар фард дар баробари ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, ҳамчунин дар назди давлат ва ҷомеа масъулу уҳдадор мебошад. Ба ибораи дигар, озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф, манфиатҳои умум ва дигар арзишҳои башарӣ муайян карда мешавад. 
Дар ҳамин асос, Конститутсия ба зиммаи шаҳрвандони мамлакат риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пардохти андозро ба сифати уҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст. Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад. 
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо дар сурати эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои уҳдадориҳои конститутсионӣ дар ҷомеа субот ва тартибу интизом пойдор ва таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷомеа имконпазир мегардад.


Раҷабов Б.С., мудири шуъбаи тарбия