Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Иҷлосияи XVI: Пешвои миллат ва марҳилаи нави давлатдории миллӣ

Кишвари мо бо мардуми саодатманди худ дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ қарор дорад. Иҷлосияи тақдирсоз ва занҷиркушо дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ. Иҷлосияе, ки ба хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошта, даричаи дар назарҳо маҳдуд, вале дар асл бузурги истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии миллати тоҷикро кушод ва ин миллатро аз вартаи нобудӣ ба ҳам оварда, муттаҳиду арҷманд гардонид.  
Имрӯз миллати шарафманди мо зери роҳбарии Пешвои муаззамаш дар роҳи ташаккулдиҳии давлатдории худ устуворона қадам мегузорад. Моҳиятан раванди давлатдорию давлатсозӣ дар Тоҷикистон хусусиятҳои давлатдории муосирро ба худ касб кардааст, ки дар меҳвари он инсон ва шахсияти ӯ ҳамчун арзиши олӣ аз лиҳози ҳуқуқиву сиёсӣ қадр мешавад. Маҳз ҳамин унсур василаи аслии рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар ва иҷтимоикунии ҷомеа гардидааст, зеро дар чунин ҳолат шаҳрвандон сарфи назар аз тафовути нажодӣ, ҷинсӣ, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулкашон дар идораи давлат бавосита ва ё бевосита ширкат меварзанд.
Феълан маърифати баҳамоии тоҷикон, ки дирӯзаш ғӯтавари ҷангҳои бемаънии шаҳрвандӣ буд, барои ҷаҳониён намунаи олӣ дар роҳи эҳёи давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ гардидааст. Бояд дониста бошем, ки хишти нахустини онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19 ноябри соли 1992, замони ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон бо ироаи ҳарфҳои «Ман ба шумо сулҳ меоварам ва то охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором намеёбам» гузоштабуданд.
Намунаи олии ибтикороти Пешвои миллат дар роҳи расидан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо иродатмандиву дурандешӣ онро пеша намудаанд, баргардонидани гурезагон ба Ватан, махсусан аз Афғонистон мебошад. Зеро тақдири Тоҷикистон дар марҳилаҳои баъди баргузории Иҷлосияи xvI Шӯрои олӣ аз фирориёне, ки дар Афғонистон ба сар мебурданд, вобастагии зиёде дошт. Афзоиши фирориён дар Афғонистон, ки он шабу рӯз худ дучори бозиву найрангҳои сиёсиву низомӣ бо гурӯҳҳои аҳримании Толибу Ал-қоида гардида буд, метавонист хатарҳои нангинро дар роҳи устувории имрӯзу ояндаи вазъи сиёсии Тоҷикистон  ба миён оварад. Чунки эҳтимоли ҳар лаҳза ба воситаҳои гуногун пайвастани фирориёни тоҷик ба ин гурӯҳҳо ва ифротӣ гардидани онҳо мавҷуд буд. 
Бештар аз чор даҳа аст, ки ҷаҳон ба марҳилаи нави сиёсикунонии арзишҳои эътиқодӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ин тазод аксаран доираи ҳавзаи давлатҳои мусалмониро фарогир буда, омили аслии нооромиҳои дохилии кишварҳои мусалмоннишин гардидааст. Дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо устувориву якпорчагии давлатҳои дучори бозиҳои сиёсишуда (ба монанди Афғонистон, Ироқ, Сурия, Миср, Либиё, Яман) зери фишор мондаанд, ки ниҳоятан шаҳрвандонашон ба хориҷ фирор намуда, дар муқобили ҳукумати қонунии давлати худ қарор гирифтаанд.
Ҳаводиси даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ шаклан наздикие ба ҳодисаҳои имрӯзи кишварҳои зикргардида дошт. Аммо бурди ҳукумати онвақтаи кишвари мо бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар амалинамоии мақсадҳои сулҳофари худ маҳз аз баргардонидани гурезагони дар Афғонистони ҷангзада паноҳбурда  ба Ватан сарчашма гирифт. 
Ниҳоятан мо дар марҳилаҳои баъдӣ ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расида, ваҳдати сартосарии Тоҷикистонро таъмин намудем ва роҳи рушди устувори давлатсозиву давлатдории миллиро пеша кардем. 
Имрӯз бошад, Тоҷикистон дар сиёсати бисёрҷабҳаи дохиливу хориҷии худ ба дастовардҳои олӣ ноил гардида, мавқеи намоёнро соҳиб шудааст, ки маҷмӯан ин ҳам унсури ягонаи давлатдории миллиро фарогир аст.
Бо дарки ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ зарур медонам ин нуқтаро таъкид созам: Ҳар тоҷикистоние, ки ба ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди давлатдории миллӣ, махсусан аз бунбасти сиёсиву низомӣ берун овардани Тоҷикистон қоил нест, бешак, ғуруру номуси миллӣ надорад ва ҳар ҷаҳоние, ки аз сиёсату давлатдорӣ огоҳ буда, мавқеи Президенти Тоҷикистонро дар роҳи таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва ҳифзи инсоният аз зуҳуроти номатлубе, ба монанди терроризм, эктремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши силоҳу аслиҳа ва одамрабоӣ нодида мегирад, ҷудо аз эҳсоси башардустист. 
Солҳост, ки миллати амрикоӣ бо Ҷорҷ Вашингтон, турк бо Мустафо Отатурк, фаронсавӣ бо Наполеон, эронӣ бо Оятулло Ҳумайнӣ, рус бо Владимир Путин, қазоқ бо Нурсултон Назарбоев ифтихор варзида, ба ҷойгоҳи ин шахсиятҳо дар эъмори давлатдории миллиашон мавқеи барҷаста медиҳанд. 
Дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон бошад, ин мавқеъро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб аст. Солҳову асрҳо мегузаранд, аммо корнамоиҳои Пешвои миллати мо на танҳо дар дафтари таърихи давлату миллати худ, балки дар дафтари таърихи сулҳофарии башарият барои наслҳо чун мактаби бузурги давлатдориву давлатмардӣ боқӣ мемонад.


Давлатзода Абдулло Давлат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада