Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Мақолаҳо

Дастоварди бузургу таърихии тоҷикон

Мо – мардуми шарафманди тоҷик, имрӯз бистумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн мегирем. Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, бо шарофати хиради азалии худ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва дар назди аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами Ваҳдат сарҷамъ гардида, озодона умр ба сар барад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид ва дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои озоду дурахшон фурӯзон намуд. Ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони мамлакат ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистонро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкорию созандагӣ машғул шавад.
Ҳамватанони мо дар ёд доранд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифтанд, ки дар натиҷа Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба мухолифати мусаллаҳона кашида шуд. Бар асари ин нобасомониҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёдеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид. 
Дар ҳамин гуна лаҳзаи хатари парокандагии миллат, шукри Худованди бузургу меҳрубон, фарзанди фарзонаи халқу миллати тоҷик - Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Мардуми некандеши тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро тимсоли Сарвари хирадманду ҷасур ва Пешвои миллат дарёфт ва дӯст дошт.
Он чӣ Сарвари давлат аз минбари Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон овард, тадриҷан амалӣ шуд. Ӯ буд, ки дар ибтидо гуфт: «То як тоҷик берун аз Тоҷикистон аст, худамро хушбахт намедонам». Ва баргардонд тамоми гурезаҳои тоҷикро ба сарзамини аҷдодӣ. Боз ӯ буд, ки гуфт: «Умри азизамро сарфи ободии Тоҷикистон мекунам». Ва дар ҳақиқат, мебинем, ки умри ӯ дар роҳи созандагию бунёдкориҳо ва шукуфоии Ватан сипарӣ мегардад.
Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти Истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолро бе ваҳдат ва Ваҳдати миллиро бе Истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад».
Воқеан, танҳо Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа буда метавонад.
Ид муборак, мардуми шарафманди тоҷик! 


Амрулло Назруллозода, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДМИТ