Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Мақолаҳо

Ҷавонон ҳимоятгари шарафу номуси миллиянд

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. 
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳимми пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.
Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат рӯҳу тавони тоза гирифта, ба Модар —Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.
Устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд. Онҳо тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон боз ҳам фаъолтар мегарданд. 


Фарзона АШУРОВА, оператор-ҳуҷҷатнигори кафедраи математикаи олӣ