Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Мақолаҳо

Паём - тақвиятдиҳандаи неруи маънавии ҷавонон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми қонунгузории кишвар давоми мантиқии сиёсати хирадмандона нисбати ҷавонон мебошад, ки аз ду даҳсола боз маншаъ мегирад.
Дар шароити раванди ҷаҳонишавӣ, давлате, ки ба насли ҷавон аҳамияти махсус медиҳад ва барои инкишофу пешрафти он саҳм мегузорад, наслҳои ҷавонони созандаро тавлид мекунад ва дар ин замина ҷомеаву давлат мунтазам рушд мекунад. Пояҳои арзишиву ахлоқӣ, тафаккур ва худшиносии миллии он устувор боқӣ мемонад. Чунки насли ҷавон қишри асосӣ ва неруманди ҷомеаро ташкил медиҳад ва тадбиқи сиёсати давлатии дуруст ва ё нодуруст дар самти ҷавонон, метавонад ояндаи кишварро созанда ва ё сӯзанда бозгӯ намояд.
Аз ин рӯ, бояд қайд намуд, ки дар кишвари мо ҷавонон бо мушкилоташон пайваста дар зери назорат ва ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд. Ҳамин аст, ки ҷиҳати дуруст таълиму тарбия намудани ҷавонон ва оқилона истифода намудани неру ва қобилияту истеъдодҳои ҷавон аз тарафи мақоми қонунгузории кишвар Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд. Дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани онҳо то имрӯз дар маҷмӯъ 840 миллион сомонӣ масраф карда шудааст. 
Дар давоми ду даҳсолаи охир оид ба масъалаи ватандӯстӣ ва тарбияи дурусти ҷавонон, мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо бевосита фарогири таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои аз наздик шинос шудан бо мушкилот ва пешрафти ҷавонон бо ташаббуси Президенти кишвар “Ҳафтаи ҷавонон” эълон карда шудааст, ки ҳамасола бо ҷавонон ва намояндагони онҳо вохӯриҳо баргузор карда мешаванд. Дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат, Президенти кишвар, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, ба масъалаҳои ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, соли 2017 –ро Соли ҷавонон эълон намуданд. 
Дар ин робита хизматҳои падаронаи Пешвои миллат нисбати мо - ҷавонон, аз қабили тавассути квотаи президентӣ ҷалб намудани ҷавондухтарони деҳот ба таҳсил; таъсис додани Маркази миллии тестӣ ва ба ин восита кам пардохтани хароҷоти дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ; аз ҳисоби буҷети давлат фаро гирифтани ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ; бо стипендияи президентӣ таъмин намудани ҷавонони босавод ва соҳибистеъдод; таъсис додани ҷоизаҳои илмӣ барои олимон ва ихтироъкорони ҷавон; бунёд намудани литсею мактабҳои президентӣ, мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълимӣ; бунёд намудани варзишгоҳҳои бузург ва майдончаҳои варзишӣ; дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибкор; ташкил намудани курсҳои ройгони касбомӯзӣ барои ҷавонони бекор; эълон намудани ҳафтаи ҷавонон ва вохӯрии бевосита бо ҷавонон; беҳтар намудани шароитҳои манзилӣ-маишии омӯзгорони ҷавон дар деҳот ва дигару дигарҳо бемисл аст. Ин иқдом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар дар симои ҷавонон неруи бузурги сармояи зеҳниро барои рушди устувори ҷомеа мебинанд ва пайваста ҷавононро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ менамоянд.
Дар тӯли чор соли охир барои бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон ҳазорҳо ҷои корӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин бо супориши Сарвари давлат чандин ҷои корӣ ва мансабҳои холӣ аз ҳисоби ба нафақа баровардани кормандони солхӯрда ва ба ин восита роҳ додани ҷавонон дар идоракунии кишвар ташкил карда шуд. Амалӣ намудани чунин чорабиниҳо дар ҳаққи насли ҷавон аз сиёсати созанда, дурандешона ва ғамхоронаи бевоситаи Сардори давлат шаҳодат медиҳад. 
Пешвои миллат дар Паёмашон аз мо ҷавонон махсус таъкид намуданд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Аммо, мутаассифона, гурӯҳи на он қадар калони ҷавонони ноогоҳ ва асолатбохтае низ ҳастанд, ки ба қадри ҳамаи ин заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар намерасанд. Ин ҷавонон бо ғарази манфиатҳои шахсӣ ва хоҷагони хориҷии худ пайваста кӯшиш менамоянд, ки теша ба решаи давлату ҳукумати халқбунёд зананд, вале тирашон пайваста хок мехӯрад. Ҳамин аст, ки онҳо бо бесаводӣ ва ноогоҳии хеш пойбанди тафаккури шахшудаву хурофоти динӣ ва фарҳангии ғайр шуда, бо мақсади пиёда намудани ниятҳои нопокашон берун аз қаламрави кишвар дар пайи қатлу куштори мардуми бегуноҳ даст доранд. Ин амали онҳо барои миллати куҳанбунёд ва фарҳангӣ, чун тоҷикон, албатта, хеле нанговар мебошад. Барои ҳамин мо - ҷавонони солимақлро зарур аст, ки афроди бо чунин тафаккури тангназарона, таҳмилпазир ва азхудбегонаро дар чаҳорчӯбаи ахлоқи миллӣ ва ифтихор аз миллату давлати хеш тарбия намоем.  


Зоҳир Қодиров, номзади илмҳои фалсафа