Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Мақолаҳо

Ваҳдати миллӣ ва ҷавонон


Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон  ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон


Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як ҷавони бонангу номус, миллатдӯсту ватанпарвари тоҷик аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон шудааст. Ин ибтикори навбатии Пешвои миллат дар баробари ифтихору сарбаландӣ дар ҷавонон ҳисси баланди масъулиятшиносиро боло мебардорад. Ҷавонон дар ҷавоб ба ин боварии роҳбарияти олии сиёсии кишвар нисбат ба дигар қишрҳои ҷамъиятӣ бояд дар амалинамоии ҳадафҳои стратегии ҷумҳуриямон фаъолтар бошанд. Ҳамчунин боиси ифтихори ҷавонони кишвар аст, ки Соли ҷавонон бо ҷашни 20-солагии ваҳдати миллӣ дар як сол таҷлил карда мешаванд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳи миёни тоҷикон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид, ҳамчун паймони бародариву ҳамдилӣ, ҳаммаромӣ, масъулияти баробар ва амиқ барои ҳаёти осоишта, ободии Ватан аз ҷониби ҷомеа шинохта ва эътироф шуда, оғози марҳилаи рушду нумуи миллати тоҷик гардид ва эҷодгари он Эмомалӣ Раҳмон ба худ номи ҷовидонӣ касб намуд.
Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисози фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари сазовори хеш Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи он гардид. «Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияти неку виҷдони пок, бо мақсади худро шинохтан ва танҳо баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯи кор овардем. Рушду инкишоф, неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешавад, онро дар замини аҷдодӣ, дар замири худ бояд рӯёнд» - қайд мекунанд Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикон доимо ваҳдатшиор ва ваҳдатгустар буданд. Ҳатто солҳое, ки пас аз давлати Сомониён ваҳдати сиёсӣ надоштанд, дар ваҳдати комили маънавию забонӣ, тафаккур ва андеша қарор доштанд. Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, мутаассифона, ваҳдати сиёсие, ки хоси ҷомеаи воҳид ва василаи мумтози ҳамбастагии ӯст, заиф шуд. Барои аз нав эҷод кардани ваҳдати сиёсиву давлатдории замони нав диду истеъдоди тоза, эҳсоси амиқи самтҳои рушди ҷомеаи башарӣ, дида тавонистани мавқеъ ва ҷойгоҳи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, муайян ва мушаххас гардондани тадбирҳое, ки барои ташаккул ва инкишофи як давлати муосир хосанд, аҳамияти ҳалкунанда касб намуд.
Инак, бист сол аст, ки дар ваҳдати миллӣ, замони нави таърихӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон зиндагӣ дорем. Баъд аз ҳазор соли ҳукмронии аҷдоди бузургу хирадпешаамон - сулолаи Сомониён, ки марзу буми он як қисмати бузурги Шарқро дар бар мегирифт ва бо рушду инкишофи худ шуҳратёр буд, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллӣ бо номи Тоҷикистон пайдо шуд. Агарчӣ он як пораи кӯҳи бузургеро мемонад, агарчӣ солҳои аввали истиқлол душвориҳои зиёде ба сар омад, аммо Тоҷикистон - ин кишвари офтобӣ барои мо азиз аст ва ояндаи дурахшоне дар пеш дорад.
Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихороти ватандорӣ буда, кору пайкор, ҳар иқдому нияти неки ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.
Дар фосилаи аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар қаламрави мамлакат муҳити тозаву созанда ва ояндасозу пешбаранда фароҳам омад. Баргузории мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони кишвар ва таъини 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро низ ба гунае метавон самараи ин ҳуҷҷати муҳим ва ҳосили ваҳдати миллӣ номбар кард. Ба ибораи дигар, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва Ваҳдати миллии бадастомада дар ҳаёти ҷавонон низ таъсири мунир гузошт. Ҷавонони кишвар дар партави нишондодҳои Пешвои миллат ва таҳкими ғояҳои сулҳу оштӣ ба ҳам омада, барои ободониву шукуфоии мамлакат саҳми худро мегузоранд. Ҷавонон низ дар қатори дигар табақаҳои ҷамъиятӣ эҳсос намуданд, ки танҳо Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад кишварро ба сӯи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад. Танҳо таҳлили ҳаёти чандсолаи ҷавонон бозгӯи он аст, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар дар рӯзгори насли ҷавон падидаҳои фараҳбахш ба вуқӯъ пайвастанд. Дар канори таъсиси мақомоти давлатии танзими фаъолияти ҷавонон дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нуфузи бештаре пайдо намуд. Таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон, ки бевосита ибтикор ва иқдоми наҷиби худи Пешвои миллат буд, дар ҷалби бештари ҷавонон барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва рӯи кор омадани осор ва тадқиқоти судманди олимони ҷавон нақши таъсирбахш гузошт. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пешбарандаи сиёсати давлат дар байни ҷавонон ва бо мақсади татбиқи амалии ин ормонҳо дастгирии ҷавонони лаёқатмандро дар ҳама риштаҳои дигар аз масоили меҳварии фаъолияти худ қарор дод. 
Ҳосили ҳамин ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз ҷавонони кишвар шукронаи фаро расидани рӯзҳои неку масъуд ва шароити хуби таҳсилу кор мекунанд. Айни ҳол ҷавонон аз файзи ваҳдати миллӣ ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат имкон доранд, ки роҳи ормонҳои худро тай намуда, аз таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ барои камолоти тахассусии худ баҳравар шаванд. Духтарону писарони навоҳии кӯҳистон тибқи квотаҳои президентӣ дар макотиби олии дилхоҳи худ таҳсил намоянд. Аз дастовардҳои пешқадами илму техникаи ҷаҳони муосир истифода намуда, худро ҳамчун ҷавони ояндасозу худшинос барои ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Мо бо ин ҳама таваҷҷуҳи махсус ва дастурҳои мушаххас шоҳиди он мешавем, ки ҷавонон дар партави шинохти моҳияти ваҳдати миллӣ ва дарку маърифати зарурати он барои пешрафти ҷомеа баҳри иҷрои рисолати худ камари ҳиммат мебанданд ва пайваста бо руҳияи баланди худсозиву худшиносӣ дар пиндорҳои неку наҷиби худ фардои ҷомеаро меофаранд. Ба таъбири дигар, ин ҳама болорафтҳои фикриву маънавӣ ва идроки баланди ҷавонон, шуури пешрафтаи сиёсиву ҳуқуқии онҳоро метавон ҳосили ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар муаррифӣ намуд. Бо такя ба ин қудратмандӣ метавон боварӣ ҳосил кард, ки ин қувваи бузургу созанда, ки аз ниҳоди ҷавонон имрӯз бо хурӯши тоҷикона берун меояд, баҳри таъмину таҳкими истиқлоли бадастомада, ваҳдати миллӣ ва ташаккули худшиносиву худогоҳӣ хидмат хоҳад кард.
Дар марҳилаи имрӯзаи ҳаёт омилҳое бояд пайгир шаванд, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшида, онро халалнопазир намоянд. Мусоидат ба ризоияти умум ва ваҳдату ягонагии халқи ҷумҳурӣ, бо камоли қатъият ва мунтазам ба ҳаёт татбиқ намудани қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ ва озодии комили ҳамаи қавму миллатҳои сокини кишвар дар асоси Конститутсияи мамлакат дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бо камоли ғамхорӣ ва масъулият дар амал татбиқ кардани баробарҳуқуқӣ ва ҳамвазнии ҳамаи минтақаҳою шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, густариши равобити иқтисодию фарҳангии байни онҳо, дар сатҳи баробар тараққӣ додани иқтисодиёт ва маорифу маданияти онҳо, пешгирӣ кардан ва тамоман аз байн бардоштани яке аз иллатҳои умдаи рӯз - маҳалгароӣ, ки дар ниҳояти кор боиси носозгорӣ, ҷудоӣ ва парокандагии миллат мегардад ва муборизаи беамон ба муқобили ин таассуби пурхатар омилҳои таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллӣ маҳсуб мегарданд.
Бо дастгирии Пешвои миллат саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон ва соли 2017 эълон шудани Соли ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли ҷавонон на танҳо шодию хурсандӣ ва фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан, кумаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи мо, ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо, ҷавонон бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.
Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.
Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013”-ро қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дорад.
Маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад ҳаракат ё зуҳуроти нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари неруи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар баробари ин, як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ, аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф, пеш аз ҳама, таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.
Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кумак мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарон