Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Эълонҳо

Таҳсил дар Донишгоҳи Алмау дар доираи барномаи мубодилаи донишҷӯён

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои донишҷӯёни зинаи бакалавр мерасонад, ки дар доираи Барномаи мубодила донишкада  тасмим гирифтааст, ки донишҷӯёни зинаи бакалаврро барои таҳсил дар семестри 2-юми соли хониши 2017-2018 ба Донишгоҳи менеҷменти Алма-атои (АлмаУ) Ҷумҳурии Қазоқистон  ирсол намояд. 
Мӯҳлати таҳсил як семестр буда, он ройгон мебошад.
Таҳсил бо забони русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Мӯҳлати охири бақайдгирӣ то санаи 10.11.2017 аст. 
Барои номнавис намудан ва маълумоти бештар дастрас намудан донишҷӯён метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.