Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Эълонҳо

Эълон

World600.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба маълумоти устодон, кормандон ва донишҷӯён мерасонад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ (ЛРТО) озмуни барномаҳои гранти озмуниро  (БГО) эълон менамояд. Барномаи мазкур тибқи Созишномаи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ ЛРТО аз ҷониби Вазорати маориф ва илми (ВМИ) амалӣ шуда истодааст. Ҳадафи лоиҳа ин таҳияи механизмҳои беҳтар намудан ва мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат мебошад.
Ҳадафи барномаҳои гранти озмунӣ (БГО) ин маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба дигаргунсозии институтсионалӣ дар тамоми система мебошад. Дар доираи БГО беҳтарин пешниҳодҳо дар асоси озмун, барои ноил шудан ба ду ҳадафҳои зерин дастгирӣ хоҳанд шуд: 
(а) иртиботи маориф ба бозори меҳнат; 
(б) дастгирии донишҷӯдухтарон 
Маблағи ниҳоии гранти инфиродӣ барои равзанаи якум набояд аз 350 000 доллари ИМА зиёд бошад. Вобаста ба равзанаи дуюм (дастгирии донишҷӯдухтарон) дар давраи якум маблағи ниҳоии гранти инфиродӣ бояд аз 40 000 доллари ИМА зиёд набошад.
Муҳлати қабули лоиҳаҳо то 25 июни соли 2017 
Устодон, кормандон ва донишҷӯён метавонанд гурӯҳ ташкил намуда, лоиҳаҳои дархостии барномаҳои гранти озмунии худро пешниҳод намоянд. 1 лоиҳаи беҳтарин доир ба иртиботи маориф ба бозори меҳнат ва 1 лоиҳаи беҳтарин оид ба дастгирии донишҷӯдухтарон аз байни лоиҳаҳои пешниҳодгардида интихоб мегардад. Лоиҳаҳои дархостии барномаҳои гранти озмунӣ ҳатман бо 2 забон: тоҷикӣ ва русӣ, қабул карда мешаванд. Пешниҳодҳо ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ дастрас карда мешаванд.
Дастури амалӣ намудани барномаҳои гранти озмунӣ ва шакли лоиҳаи дархостиро тавассути сомонаи www.omuzgor-news.tj дарёфт кардан мумкин аст. Маълумоти иловагиро метавонед аз шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ дастрас намоед. 


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ