Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Эълонҳо

Бурсияҳои таҳсилии Таиланд дар зинаи магистратура

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба маълумоти ҳамаи хатмкунандагони дараҷаи бакалавр ва магистр мерасонад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тайланд дар зинаи магистратура барои соли таҳсили 2017-2018 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст. 


Номгўи ихтисосҳо:


- Магистри илм дар соҳаи кишоварзӣ (моҳи август соли 2017);
- Магистри илм дар соҳаи кишоварзии тропикӣ (аввали моҳи июли соли 2017);
- Магистри илм дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ (31 майи соли 2017);
- Магистри илм оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (31 майи соли 2017);
- Магистри илм/Магистри муҳандисӣ (дар соҳаи технологияи энергетикӣ ва идора) (1-ум семестр моҳи май, 2-юм семестр моҳи ноябр);
- Магистри илм дар технологияи озуқаворӣ (моҳи майи соли 2017);
- Магистри илм дар идоракунии низоми тандурустӣ (31 майи соли 2017).

Муҳлати охири супоридани ҳуҷҷат дар назди ихтисосњо гузошта шудаанд. Тартиби ҷамъоварӣ намудан ва пур кардани ҳуҷҷатҳоро хоҳишмандон метавонанд аз шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ё ин ки тариқи сомонаи электронии зерин дастрас намоянд www.tica.thaigov.net/main/contents/files/information-20161217-152430-795372.pdf.